Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.08.200814:11

Даромади софи ҶСК «Бонки Эсхата» ба 4 миллион сомонӣ расид

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 71 фоиз афзуда, 4 миллион сомониро ташкил дод.

Аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин давра дороиҳои бонк тақрибан 117 фоиз афзуда, аз 236 миллион сомонӣ зиёдтар шуданд. Сармояи бонк то 47 миллион сомонӣ расида, ин рақам соли гузашта ба 24 миллион сомонӣ баробар буд.

Сандуқи қарзии бонк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 фоиз бештар гардида, 138 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк ҷалбимаблағҳои аҳолӣ мебошад. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта сандуқи депозитии бонк ба 30 миллион сомонӣ баробар буд, пас соли равон он ба 50 миллион сомонӣ расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон бонк бо тамоми низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ ҳамкорӣ мекунад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 нуқтаҳои интиқоли маблағ фаъолият доранд, ки тавассути кори пурсамари онҳо ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба 180 миллион доллари ИМА расидааст.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ бонк дорои 8 шӯъба ва 100 нуқтаи интиқоли маблағ аст. Рӯзҳои наздик мувофиқи қарори раёсати Бонки миллӣ боз 5 шӯъбаи баҳисобгириву қарзии бонк ба шӯъбаҳои комил табдид дода мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(1)
25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)
25.0207:53У американки взорвался iPhone 7 Plus
25.0207:21СМИ ГБАО: Миссия пока невыполнима


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(5)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(2)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(1)
25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(1)
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?(1)
25.0208:30Президент подписал ряд законов(1)
25.0209:34Ситуация на горных дорогах Таджикистана, — Минтранс(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00