Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.08.200811:11

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дэвид Оуэен

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Дэвид Оуэенро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Дэвид Оуэен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи барномаи ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор бо Бонки Миллии Тоҷикистон ахбор дода, аз рафти он изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур айни ҳол хеле хуб оғоз ёфтааст ва метавонад ба болоравии эътибору нуфузи сохторҳои молиявии Тоҷикистон дар доираҳои байналмилалӣ мусоидати фаъол намояд.

Ба гуфти Дэвид Оуэен натиҷаҳои ниҳоии барномаи ҳамкорӣ бо Бонки Миллии Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон ҷамъбаст ва ба Шўрои директорони Хазинаи байналмилалии асъор пешниҳод мегардад.

Ҷонибҳо оид ба нишондодҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, раванди ислоҳот дар иқтисодиёт ва сиёсати пулию қарзӣ, татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ғайра гуфтугўйи судманд анҷом доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сиёсати имрўзаи пулию қарзӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз болоравии сатҳи таваррум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, дар шароити кунунии баландшавии нархи озуқаворӣ ва маводи сўхт дар бозори ҷаҳонӣ метавонанд бозор ва дар маҷмўъ иқтисодиёти кишварро аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳифз намоянд.

Зимни сўҳбати озоду созанда ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри идомаи ҳамкории пурсамар таъкид намуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.1114:45Агентство сообщило подробности задержания сотрудника милиции с крупной партией наркотиков
24.1113:41Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана задержала еще одного следователя
24.1111:15"Дед Талабшо" станет товарным знаком? ВИДЕО
24.1110:10Таджикистану и Узбекистану советуют найти приемлемое решение по Рогуну
24.1110:07На севере Таджикистана пастух продал «на сторону» свыше 700 голов мелкого скота


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156267