Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.08.200815:12

Намоишгоҳи маснуоти корхонаҳои вилояти Мозандарон дар Душанбе

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - 6 август дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба намоишгоҳи ихтисосии маснуоти корхонаҳои вилояти Мозандарони Эрон, ки аз 9 то 14 август дар шаҳри Душанбе кушода мешавад, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Муовини аввали раиси ПСС Тоҷикистон Одил Сангов роҷеъ ба таърих ва рушди тиҷоративу иқтисодии вилояти Мозандарон нақл карда, иброз дошт, ки ин вилоят дар истеҳсоли молу маҳсулот дар Эрон шӯҳрат дорад ва 50 фоизи биринҷи ин мамлакат дар ҳамин ҷо истеҳсол карда мешавад.

Муовини раёсати бозаргонӣ, саноеъ ва маъдани вилояти Мозандарон Носири Муҳаммадӣ иттилоъ дод, ки дар намоишгоҳ беш аз 35 ширкати Эрон маҳсулоти худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Ӯ афзуд, ки Мозандарон дорои тақрибан 3 миллион нуфус буда, яке аз вилоятҳои калонтарини Эрон ба ҳисоб меравад. Ин вилоят ҳамчунин дар истеҳсоли меваю сабзавот низ машҳур аст. Аз ҷумла Мозандарон дар соҳаи парвариши афлесун дар дунё ҷойи аввалро ишғол карда, дар як сол зиёда аз 750 ҳазор тонна афлесун истеҳсол менамояд.

Носири Муҳаммадӣ аз поён рафтани таарруфаҳои гумрукии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, гуфт, ки ин иқдом бевосита ба таҳкими густариши равобити тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Намоишгоҳи мазкур 9 август дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» кушода шуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт онро то 14 август ҳар рӯз аз соати 10 то 17 тамошо хоҳанд кард.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0514:40СМИ нашли политика, "победившего" Трампа в рукопожатии
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)
24.0512:49Сулаймон Султонзода: "Мешков с валютой и золотом не найдено"
24.0512:33Гражданка Узбекистана продала своего ребенка паре из Таджикистана
24.0512:21На севере Таджикистана утонули три человека — двое детей и военнослужащий


Самое обсуждаемое

22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(5)
22.0506:34Эмомали Рахмон встретился с Дональдом Трампом(2)
22.0515:24Доходы детей Кадырова выросли в 50 раз(1)
22.0515:45Душанбинцы предлагают установить памятник царице танца Малике Собировой(1)
23.0512:58Суд присяжных обвинил «Жору-Тушенку» и «Геру-Барона» в разбойных нападениях на таджикских мигрантов(1)
23.0514:49В США запущен проект книги о приключениях таджикского мальчика Барзу(1)
23.0517:54Названо имя исполнителя теракта в Манчестере(1)
24.0510:03“Бойкот” по-шахритусски. Родных боевиков ИГ хотят выселить из района(1)
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312564