Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.08.200817:11

Cафари Сарвари давлат ба шахри Пекин

ИмрўзПрезиденти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бомақсади иштирок дар тантанаҳои бахшида ба ифтитоҳи Бозиҳои29-уми тобистонай олимпӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Чин шаҳри Пекин омад.

Мавриди зикр аст, ки дар бозиҳои олимпӣ имсол 15 нафар бехтарин варзишгарони тоҷик дар бахшхои бокс, дзюдо, гуштини тарзи озод, камонвари, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон қаблан ба шаҳрчаи олимп ташриф оварда бо варзишгарони Тоҷикистон ва мураббиву ҳайати ҳамроҳ мулоқот кард. Сарвари давлат бо варзишгарони шинохтаи мамлакат, ки масъулияти бузурги муаррифииТоҷикистони соҳибистиқлолро дар ин тантанаи байналмилалии варзишӣ бар ўҳда доранд, барору иқболи баланд таманно кард.

Иштироки варзишгарони тоҷик дар бозҷои 29-уми олимпӣ шаҳодати беназири болоравии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, афзоиши дастовардҳои истиқлолияти давлатӣва қабл аз ҳама имконияти мусоиди баланд бардоштани парчами Тоҷикистон миёни беш аз 200 кишвари дунё мебошад,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ва афзуд, ки зиёда аз 7,5 миллион аҳолии сарзамин ва милионҳо тоҷикону ҳамзабонони бурунмарзй давоми 1 мох бесаброна интизори ғалабахои нави варзишгарони тоҷик хоҳанд буд.

Варзишгарони тоҷик бо ифтихормандию сарфарозӣ аз талошу ғамхориҳои Сарвари давлат, ки бевосита ба шаҳраки олимпӣ баҳри ҳидояту дастгирӣ ва рўҳбаландии онҳо омадааст, ќавл доданд, ки тамоми имконияту таҷриба маҳорату малака ва қудрату матонати худробарои ба даст овардани ҷойҳои аввал равона мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ситод ва ҷойҳои иқомати варзишгарони тоҷик бо онҳо расми хотиравӣ гирифта, ба Раиси кумитаи ҷавонон, ва сайёҳати назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Раиси Кумитаи миллии Олимпии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди омодагӣ ба варзишгарони тоҷик дастуру ҳидоятхо дод.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳраки олимпӣ дар майдони 66 гектар бунёд шуда, барои зист ва истироҳати 16.000 варзишгар пешбинӣ гардидааст.

Дар дохили шаҳрак мағозаҳо, шўбахои бонкӣ ва нуқтањои хизматрасонӣ бо воситаҳои ҳозиразамон омодаанд.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон аз майдони “Сулҳ ва Дўстӣ”, ки дар маркази шаҳраки Олимпӣ ҷойгир шудааст, дидан намуда ба китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

  Сафари кории Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин пагоҳ низ идома меёбад ва интизор меравад, ки Сарвари Давлат бо маќомоти олирутбаи Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ин кишвар мулоқоту вохўриҳо анҷом хоҳад дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312493