Душанбе, 7 авугст. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созмони ҷамъиятии «Парастор» ба фарзандони аз 8 то 14 солаи 60 оилаи камбизоати маҳаллаҳои Баҳор, Ғанӣ Абдулло ва Амришоеви ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтлибосҳои гарми зимистона ва витаминҳо тӯҳфа кард.
Ин иқдом, мегӯяд роҳбари Созмони ҷамъиятии «Парастор» Раъно Қосимова бо мақсади то андозае беҳтар сохтани шароитизиндагии оилаҳои эҳтиёҷманд, дастгирии моддии онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва созмони байналмилалии «Каунтерпарт –Контсортсиум» пайгирӣ карда шуд.
Раъно Қосимова афзуд, ки дар оянда раҳбарияти ташкилот ният дорад, ба дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ низ кӯмакҳои хайрия расонад.
Созмони ҷамъиятии «Парастор» 12 сол муқаддам ташкил ёфта, фаъолияти он ба беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа нигаронида шудааст.