Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

09.08.200816:11

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Аз 7 то 9 –уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ифтитоҳи Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпии Пекин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.

Дар фурўдгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ифодаи эҳтирому самимияти хосси шарқиёна истиқбол гирифтанд.

Рўзи 7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ба шаҳрчаи олимпӣ ташриф оварда, бо варзишгарони Тоҷикистон ва мураббиёну ҳайати ҳамроҳи онҳо мулоқот кард. Сарвари давлат ба варзишгарони шинохтаи мамлакат, ки масъулияти бузурги муаррифииТоҷикистони соҳибистиқлолро дар ин тантанаи байналмилалии варзишӣ бар ўҳда доранд, барору иқболи баланд таманно кард.

Мавриди зикр аст, ки дар бозиҳои олимпӣ имсол 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар бахшҳои бокс, дзюдо, гуштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Иштироки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои 29-уми олимпӣ шаҳодати возеҳи болоравии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, афзоиши дастовардҳои истиқлолияти давлатӣва қабл аз ҳама имкони волои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон миёни беш аз 200 кишвари дунё мебошад»,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки 7,5 миллион аҳолии сарзамин ва милионҳо тоҷикону ҳамзабонони бурунмарзӣ давоми 1 моҳ бесаброна интизори пирўзиҳои нави варзишгарони тоҷик хоҳанд буд.

Варзишгарони тоҷик бо ифтихормандию сарфарозӣ аз талошу ғамхориҳои Сарвари давлат, ки бевосита ба шаҳраки олимпӣ баҳри ҳидояту дастгирӣ ва рўҳафзоии онҳо омадааст, қавл доданд, ки тамоми имконияту таҷриба, маҳорату малака ва қудрату тавоноии худробарои ба даст овардани ҷойҳои аввал равона мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ситод ва ҷойҳои иқомати варзишгарони тоҷик бо онҳо расми хотиравӣ гирифта, ба Раиси кумитаи ҷавонон, варзиш васайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Раиси Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев барои ба варзишгарон фароҳам овардани шароитҳои мусоиди омодагӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳраки олимпӣ дар майдони 66 гектар доман паҳн карда, барои зист ва истироҳати 16 000 варзишгар пешбинӣ гардидааст.

Дар дохили шаҳрак мағозаҳо, шўъбаҳои бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии гуногун бо воситаҳои ҳозиразамон омодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз майдони “Сулҳ ва Дўстӣ”, ки дар маркази шаҳраки олимпӣ ҷойгир шудааст, дидан карда, дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

Худи ҳамон рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарқароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Пекин Президенти ширкати ZTE-и Ҷумҳурии Мардумии Чинроба ҳузур пазируфт.

«Мо азҳамкорӣбо ширкати ZTEқаноатмандем», - изҳордошт ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - зеромаҳз дарҳамдастӣбоинширкатмутахассисонитоҷикдараксаршаҳруноҳияҳоиҷумҳурӣнуқтаҳоиалоқаибайнишаҳриюбайналмилалӣнасбкарда, сатҳихизматрасониро ҷавобгўи талаботи рўзгардонданд.

Президентиширкати ZTEба ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бароифароҳамоварданиимкониятҳоимусоидиҳамкорӣ дармавридисармоягузорӣбаиқтисодиётиТоҷикистон ваҳамкорӣбоширкатҳоимаҳаллӣ изҳорисипоскарда,иттилоъдод, кинақшаҳоиширкатҷиҳатииштирокдартатбиқилоиҳаҳоиинвеститсионииҶумҳурииТоҷикистон хелебузургаст. АлҳолбоширкатҳоиТоҷикистонмасъалаҳоиомодагӣбаоғози татбиқилоиҳаҳоинавҷараёндорад.

Сарваридавлатбасоҳибкоричинӣдар бораиимкониятҳоифаровониҳамкории гуногунҷанбаТоҷикистон иттилоъдод ваҷонибҳодармавридивусъатиҳамкориҳоисудмандибароиҳардутарафсудмандҳамфикрбуданд.

Бегоҳии рўзи 7 август Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои дигар, ки баҳри иштирок дарБозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпӣ ба шаҳри Пекин ташриф оварда буданд зиёфати расмӣ орост.

Рўзи 8 август сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

ДардоираибарномаисафарбаҶумҳурии Мардумии Чин субҳи рўзи8августСарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст азМарказимиллиисанъати ин кишвари афсонавӣ дидан кард.

Инмарказяке азкалонтаринмаҷмааҳоифарҳангиишаҳри ПекинвадармаҷмўъҶумҳурии Мардумии Чинба шумор рафта, аз 3 толори бузург – драммавӣ,консертӣ ва филармония иборат аст.

Аз шумораи умумии 2398 ҷойи нишаст 2019 ҷой танҳо дар дар толори консертӣ барои тамошобинон бо акустикаи махсус танзим шудааст. 1035 нишастгоҳ мураттаб бо таҷҳизоти навини техникӣ ва садодиҳандаи акустикӣ ва визуалӣ мебошанд. Деворҳои дохилӣ бо чўбидарахти сурхи бразилӣ рўпўш шудаанд.

Ин маҷмааи бузурги фарҳангиро аз берун саросар ҳавзҳои об печондаанд, ки ҳама бо мармар ва дигар масолеҳи ороишии аз ҳамаи 24 музофоти Ҷумҳурии Мардумии Чин овардашуда зебу зинат дода шудааст.

Дар доираи сафар ба шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо кишвари мо ҳамкории назаррас доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот бо Ноиби президенти ширкати Хуавей Ванг Кесианг масоили густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Атрофилоиҳаҳоиинвеститсионӣ ваимконотимусоидисармоягузорӣбаиқтисодиётиТоҷикистонгуфтугўйи судманд суратгирифт.

ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳордошт, киалҳолдарҶумҳурии Тоҷикистонбеш аз50лоиҳа дарсоҳаинақлиёт,энергетика,маорифутандурустӣ, кишоварзӣвасаноат боширкатҳоимаъруфиЧин, Россия, Эрон, Фаронса, ИМА,Олмон, Канада ваБританияиКабирамалӣмешаванд, кимаблағи умумиионҳоқариб 2миллиарддоллариамрикоироташкил медиҳад.

Ванг Кесианг баСарваридавлатиТоҷикистонбароидаъватбаҳамкорӣсипосгузорӣнамуда,таъкиддошт, киомодаастбомутахассисони тоҷикдарҷодаи таъмини фаъолияти электронии бахшҳои маориф, тандурустӣ, алоқа, нақлиёт ва энергетикапурсамарҳамкорӣ намояд.

Масоили татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо Президенти Шўрои директорони ширкати ТВЕА Чжан Син баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки сохтмони хатти 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон» аз ҷониби ҳамин ширкат моҳи июни соли равон ду сол қабл аз мўҳлат ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба бунёдинерўгоҳи обии Хингоб гуфтугўйи мушаххасу судманд анҷом доданд. Ин нерўгоҳ бояд дар болои якшохаи дарёи Вахш, ки ҳарду аз ҷумлаи рўдҳои дохилии Тоҷикистон мебошанд, сохта шавад.

Чжан Синизҳор дошт, киширкати ТВЕА дар як вақт бо татбиқи амалии лоиҳаи инвеститсионии сохтмони хатти 500 - киловолтаи интиқоли нерўи барқи «Ҷануб-Шимол» ба бунёдииншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистоншурўъ хоҳад кард.

Сўҳбати ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президентиширкати СиноҳайдроиҶумҳурии Мардумии Чин Фан Ҷисиангхелепурмўҳтавоюсамимӣбуд.

Дарвохўрӣ оид бакорҳоианҷомдодаиширкатдармавридибунёдироҳҳоиавтомобилии стандарти байналмилалӣдарҶумҳурииТоҷикистон, аз ҷумла татбиқи босифати лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош (сарҳади Қирғизистон) гуфтугў сурат гирифт.

«Бунёдироҳ,ки заминаиасосиирушдииқтисодиётаст,азсамтҳоиасосиисиёсатиимрўзаиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонбашумормеравад,таъкидкард СарваридавлатиТоҷикистон», -ваилованамуд, кибаҳри азсарбастагиикоммуникатсионӣраҳо кардани кишварқадамҳои устувор аллакай гузошта шудаанд.

Таъкид гардид, ки роҳҳои байналмилалӣҳамчунин аҳамияти транзитииТоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро афзун менамоянд.

«Мо баҳамкорӣбоТоҷикистон ҳавасмандем ваоянданиздартатбиқилоиҳаҳоиинвеститсионӣ махсусан бунёди нерўгоҳҳои обӣ талошхоҳемкард», -иброздошт Президенти ширкатиСиноҳайдро.

Ҷонибҳооид баомўзишу баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи бунёди нерўгоҳи обии Нуробод-2 ва рушдиҳамкориҳоиминтақавӣгуфтугўйи мушаххаси тўлонӣ ва пурмўҳтавою умедбахш анҷом доданд.

Бояд тазаккур дод, ки Синоҳайдро яке аз бонуфузтарин ширкатҳои олам дар сохтмон ва истифодабарии нерўгоҳҳои гуногуни барқӣ ва роҳу пулҳои сатҳи байналмилалӣ аст.

Дармулоқоти ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боПрезидентиширкатиЗитсинЧен Ҷингхе ҳамасосанмасъалаҳоиҳамкорӣдартатбиқилоиҳаҳоиинвеститсионииҶумҳурии Тоҷикистонмахсусансохтмони нерўгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои истеҳсоли семент ва истихроҷи ангиштбаррасӣшуданд.

«Мақсади мона танҳорушдииқтисодиётихудӣ,балкиинкишофиҳамкориҳоиминтақавиифарогириманфиатҳоикулликишварҳоиҳамсоямебошад», -изҳордошт ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

ПрезидентиширкатиЗитсинба мавқеиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистондармавридисаҳмгузорӣдаринкишофиробитаҳоиминтақавӣваосоишуамниятбаҳоибаланддода,изҳориомодагииҳамкорӣбоширкатҳоиТоҷикистонкард.

Худи ҳамон рўз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ширкати Зи Экс Ҷой Инвест Горден Янро бо хоҳиши ў ба ҳузўр пазируфт.

Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустуҷўӣ ва омўзиши уран дар Тоҷикистонҳамкорӣ намояд. Ў ҳамчунин таъкид дошт, ки чунин нақша баъди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишварба миён омад. «Дар паём ба таври возеҳу равшан зарурати истихроҷ ва истифодаи захираҳои фаровони урани Тоҷикистон ба миён гузошта шуд», афзуд Горден Ян.

Мавриди зикр аст, ки Зи Экс Ҷой Инвест аз ҷумлаи бонуфузтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва энергетикаи атомӣба шумор меравад.

Бегоҳиирўзи8 – умиавгустрасосоати 20-00бо вақтиПекинПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонҷиҳатииштирокдармаросимирасмииифтитоҳиБозиҳои 29 – умитобистонаи олимпӣба варзишгоҳимарказии давлатии «Лонаи парранда»омад.

ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигарроҳбарониолимақомикишварҳоихориҷироРаисиҶумҳурии МардумииЧинХуТсзинтаоистиқболгирифт.

Дар ин маросими бошукўҳ, ки мислаш дар ҷаҳон шояд ҳеҷ гоҳ нагузашта бошад, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони воломақоми бисёр давлатҳои дигари ҷаҳон низ иштирок доштанд.

Қадамзании устувору боэътимоди варзишгарони тоҷик, ки бо Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори садҳо нафар варзишгарони беҳтарини ҷаҳон дар гирди майдони бузурги варзишгоҳи «Лонаи паранда»чарх мезаданд, боиси ифтихор ва умедҳои зиёд аз натиҷаҳои ҳунарнамоии онҳо дар Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпӣ аст.

Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпии Пекин 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гўштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.

Маросимиифтитоҳибозиҳоиолимпӣхелепуршукўҳ ҷараёнгирифта,аз оғозибозяктантанаимуҳимиҷаҳонииварзишӣдаракдод.

Субҳи рўзи 9-уми август Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарону намояндагони воломақомияк қатор кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёфати хосса орост.

Зимни ин фурсати муносиб байнионҳо оид ба масоили гуногуни муносиботи байналмилалию минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳа баҳри таҳкиму устуворгардонии дўстию рафоқат ва амнияту осоиши аҳли башар гуфтугўҳои судбахш сурат гирифт.

Зимни ду зиёфати расмӣ ва дигар фурсатҳои муносиб байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао оид ба муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гуфтугўҳои судбахш сурат гирифт.

Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба поён расид.

Нимаи дуюми рўзи 9 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсул аз шаҳри Пекин ба Душанбе омад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156254