Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Миграция

30.01.201220:29

«Ҳадафи мо дӯстист!»

     Кемерово яке аз вилоятҳои калонтарини Россия ба шумор меравад, ки дар баробари дигар халқияту миллатҳо, дар он тоҷикону тоҷикистониён дӯстона истиқомат мекунанд. Дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерово ҳоло зиёда аз 14 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ менамоянд.

     Маҳз барои беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ҳифзи ҳуқуқҳо ва таъмини муносиби кору зисти онҳо, соли 1996 дар шаҳри Новокузнетск, бо ташаббуси иддае аз тоҷикон, таҳти роҳбарии Тоҳиров Шавкат Исломович ташкилоти ҷамъиятии «Сомон» ташкил гардид. Ташкилоти мазкур баъдтар, соли 2006 номи «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус»-ро гирифта, дар нишонаи шаҳри Новокузнетск, кӯчаи Горнятская 5"а", бо иҷозати маъмурияти шаҳр ба қайд гирифта шуд.

     Ташкилоти ҷамъиятӣ 4 ҳазор тоҷикистониёнро дар шаҳри Новокузнетск бо ҳам муттаҳид намудааст. Аъзоёни ташкилоти ҷамъиятӣ шахсони бомасъулият ва ташаббускор буда, ҳамеша барои кӯмак расонидан ба тоҷикон ва тоҷикистониёни шаҳри Новокузнетск омода ҳастанд. Аз ҷониби онҳо чи мушкилоти молиявӣ ва чи иҷтимоӣ ҳаллу фасл мегарданд. Аз қабили: ба ҷои кору зист таъмин намудани муҳоҷирон, ҳолатҳои беморӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ҳоказо.

     Ҳайати ташкилоти ҷамъиятии вилояти Кемероворо «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус» дар шаҳри Новокузнетск Тоҳиров Шавкат Исломович – роҳбари ташкилот, Сониев Имомудин Эмомович – ҷонишини роҳбар, Ризоев Амирҷон Саидович – ҷонишин оид ба корҳои фарҳангӣ ва расму оинҳо, Абдураҳимов Мамадкарим Мамадазимович – ҷонишин оид ба варзиш, Файзиев Ҳабиб Мустафоевич – ҳуқуқшинос, Одинаев Раҳмоналӣ Талбиевич – сардори комиссияи тафтишотӣ ва Файзов Халил Каримович – аъзои комиссияи тафтишотӣ, ташкил менамоянд.

     Ба хотири роҳандозӣ намудани муносибатҳои дӯстона ва баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ташкилот бо ҷамъиятҳои тоҷикони дигар минтақаҳои Россия ва вилоятҳо ҳамкориҳои судмандро матраҳ намудааст.      Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Новокузнетск дар ҳама фестивалҳои фарҳангӣ, конференсияҳои илмӣ ва ҳунарӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳар сол бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус»-и шаҳри Новокузнетск ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдат, Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Шарифи Рамазон ва Қурбон, Наврӯзи ҳуҷастапай якҷоя бо дигар халқияту миллатҳо ҷашн гирифта мешаванд.      Соли 2010 Иди Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Бо ташаббуси ташкилоти мазкур ҳамон сол, иди баҳор «Наврӯз» дар шаҳри Новокузнетск бори аввал бо иштироки миллатҳои гуногун, аз қабили: русҳо, тоторҳо, ӯзбекҳо, қирғизу немисҳову арманиҳо бо дастархони наврӯзиву намоиши бозиҳои миллӣ ва ҳунарнамоии ҳар як миллат дар алоҳидагӣ, пешвоз гирифта шуд.      Солҳои охир туфайли кӯшишҳои тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони шаҳри Новокузнетск шумораи муассисаҳои миллии маишию фароғатӣ зиёд гардидаанд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд: чойхонаи «Ҳаёт», қаҳвахонаҳои «Норак», «Корвон», «Қаротегин», «Суғдиён», «Истаравшан» ва дигарҳо, ки аллакай ба фаъолият оғоз намудаанд.       9 майи соли 2011 боз як ошхонаи миллӣ бо номи «Аҷабсан» барои 120 ҷой ва ҳамчунин дӯкони гӯштфурӯшии «Ҳалол» ба кор оғоз намуд. Бо кӯшишу талошҳои ташкилоти ҷамъиятии «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус», дар Новокузнетск мактаби тоҷикӣ барои ҳифз ва омӯзиши забони тоҷикӣ ва расму оинҳои миллӣ, ки муаллимаи он Ерикова Мавлуда Бозмадовна мебошад, амал намуда истодааст.

     Соли 2011 бо ташаббуси Яцуга Татяна Егоровна –номзади илмҳои филологӣ ва бо дастгирии маъмурияти шаҳру вилоят лагери сеҳафтаинаи бепул барои кӯдакони аз 7 то 15 – сола ташкил карда шуд. Барномаи «Забони русӣ - забони ғайр» омода гардид, ки он барномаи дарозмуддат ва доманадор аст. Аз моҳи сентябр бошад, синфҳои омӯзишии забони русӣ тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст.      9 сентябри соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус» дар тарабхонаи «Озарбойҷон» ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиние гузаронид, ки дар он маъмурияти шаҳр, роҳбарони диаспораҳои гуногун ва роҳбарони тоҷикони шаҳри Новокузнетск, Прокопевск, Кемерово, Киселёвск ва Междуреченск иштирок намуданд.

     Меҳру муҳаббат ба Ватан, дурӣ аз он тоҷикистониёнро ҳамеша муттаҳид месозад ва ташкилоти ҷамъиятии «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус» низ ҷаҳд менамояд, то ҳамин ҳамбастагиҳоро ҳамарӯза қавитар гардонад.      Бо сарпарастии ташкилоти ҷамъиятии «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус» дастаҳои ҳунарии «Нур» ва «Дӯстӣ» арзи вуҷуд доранд, ки дар он овозхонону навозандагони асбобҳои мусиқии миллии тоҷикӣ фаъолият намуда, ҳамасола дар озмунҳои фарҳангии шаҳриву вилоятӣ ширкат меварзанд ва санъати мусиқӣ, шеъру суруд ва ғановати ниёгони бузурги тоҷикро муаррифӣ менамоянд.      Боиси ифтихор аст, ки меҳри Ватан тоҷиконро дур аз хоки диёр чун обҳои садпорагашта боз бо ҳам ошно сохтааст ва ташкилоти ҷамъиятии «Дӯстии миллатҳои тоҷику рус» ҳамеша ҷидду ҷаҳд дорад то ин муттаҳидии тоҷикистониёнро рӯз аз рӯз мустаҳкамтар намоя.  

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0080160