Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Комментарии

27.03.201211:13
Источник изображения: news.tj

Ҳамкории судманд

Сил яке аз бемориҳоест, ки муқобили он чорабиниҳои зиёд ба таври густурда амалӣ карда мешаванд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии молиявии БРСММ лоиҳаҳои гуногунро дар ин самт пешбинӣ менамоянд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» чанд сол аст, ки доир ба пешгирии бемории сил ва ВИЧ/ СПИД дар байни мардум кор мебарад. Ҳамаи ин ба шарофати дастгирии лоиҳаи махсус бо кӯмаки Барномаи Рушди СММ ва Хазинаи глобалии мубориза бо ВИЧ\СПИД, сил ва вараҷа амалӣ шуда истодааст.

Наргис Саидова – директори ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар сӯҳбат иброз дошт, ки лоиҳа соли гузашта оғоз гардида, барои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил ва пешгирии он роҳандозӣ шудааст.

- Соли гузашта мо лоиҳаро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе амалӣ намудем. Имсол лоиҳаи навбатии мо, ки моҳи маи соли гузашта оғоз шуда, моҳи марти соли равон анҷом меёбад, аҳолии шаҳри Душанбе ва ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдатро фаро мегирад. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур боз ҳам баланд бардоштани сатҳи муайян намудани бемориҳои сил, беҳтар намудани табобати гирифторони ин беморӣ бо роҳи мусоидат намудан тавассути гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва гурӯҳҳои хатарзо, ҳамкории зич бо ҷамоату ҳукуматҳои маҳаллӣ, сохторҳои вазорати тандурустӣ ба монанди Марказҳои мубориза бар зидди сил ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ҷалб намудани мардум барои пешгирӣ ва муолиҷаи он аст, - мегӯяд Наргис.

Барои ноил шудан ба ин дастовардҳо ташкилоти ҷамъиятӣ сӯҳбату маҳфилҳо ва тренингҳои махсус гузарондааст. Бахусус, бо онҳое, ки гирифтори бемории силанд, оилаи онҳо, шахсоне, ки бо бемории сил дар муносибатанд, оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чунин корҳо гузаронида мешаванд.

- Масалан, дар ноҳияи Ваҳдат аз 42 нафаре, ки мо ба назди духтури фтизиатр фиристодем, 12 нафарашон гирифтори ин беморӣ буданд, - иброз медорад ҳамсӯҳбати мо ва идома медиҳад, - Боқимондаҳо ба табиби оилавӣ муроҷиат карданд. Баъди ташхис маълум гардид, ки онҳо бо бемориҳои бронхит, трехеит, бронхити аллергӣ мубтало шудаанд.

Дар шаҳри Душанбе низ дар ин давра 66 нафар ба назди духтури силшинос фиристода шуд. Аз ин 30 нафарро ба муоинаи тиббӣ ба назди табиби оилавӣ фиристоданд. Баъди ташхиси балғами 36 нафари боқимонда муайян шуд, 19 нафарашон ба намудҳои мухталифи сил гирифторанд.

Тибқи маълумотҳои «Гендер ва тараққиёт», танҳо дар семоҳаи аввали амалисозии лоиҳа дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт 6106 нафар, дар ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат бошад, 1784 нафар бо корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда фаро гирифта шудаанд.

Наргис Саидова мегӯяд, ки самтҳои дигари лоиҳа - беҳтар кардани вазъи муроҷиати беморони сил ба муассисаҳои тиббӣ ва таъсиси механизми кори ҳамҷояи ҷамоатҳо, маҳалҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ҳукумати маҳаллӣ дар пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ мебошад. Умуман, дар маҷмӯъ, лоиҳаи мазкур қариб 32 ҳазор аҳолиро фаро мегирад.

Дигар ташкилоти ҷамъиятие, ки дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар ин самт фаъолият дорад, ташкилоти «Накӯкор» аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ омӯзиши васеи аҳолиро дар масъалаи сил ба роҳ мондааст.

Тавре директори ташкилоти ҷамъиятии «Накӯкор» Баҳодур Ҳаитов иброз дошт, лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷамоаҳо барои беҳтарсозии дастрасии аҳолӣ ва гурӯҳҳои хатарзо барои пешгирӣ, муайянкунӣ ва табобати бемории сил» аз тарафи БРСММ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо кӯмаки Хазинаи глобалӣ аз моҳи маи соли гузашта оғоз гардида, моҳи марти соли 2012 анҷом меёбад.

- Дар доираи амалисозии лоиҳа дар ш. Кӯлоб бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ, ҳукумати ш. Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ, диндорон, шӯрои маҳаллӣ, кумитаҳои рушди деҳот, муассисаҳои тиббӣ, Марказҳои мубориза бо сил мизи мудаввар гузаронида шуд, ки бо мақсади ҷалби васеи масъулин ба ин беморӣ баргузор шудааст, - нақл мекунад Б. Ҳаитов.

Дастоварди асосии чорабинии мазкур дар он аст, ки дар анҷоми мизи мудаввар иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки Меморандуми ҳамкориҳои мутақобила байни ташкилотҳои дахлдорро имзо ва қабул намоянд.

Дар давоми амалисозии барнома беш аз 1700 вохӯриҳо гузаронда шуда, дар он 25 000 нафар аз ҳисоби гурӯҳҳои мақсаднок иштирок намуданд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо наздики 10 000 буклет ва маълумотномаҳо оиди пешгирии бемории сил тақсим карда шуданд.

Баҳодур Ҳаитов инчунин дар бораи чорабиниҳои дигари лоиҳа нақл намуда, иброз дошт, ки дар байни гурӯҳҳои хатарзо (оилаҳои беморони сил, муҳоҷирони меҳнатӣ, лӯлиҳо) 9 семинари якрӯзаи омӯзишӣ барои пешгирии бемории сил гузаронида шудааст.

Ёрирасонҳои ихтиёрӣ (волонтерҳои) ташкилоти «Накӯкор» якҷоя бо кормандони тиб ва аъзоёни ҷамоаҳо барои дар байни аҳолии деҳот муайян намудани беморони сил чандин вохӯриҳо мегузаронанд.

- Дар доираи чорабиниҳо 17 ёрирасонҳои ташкилоти мо бо марказҳои ноҳиявии мубориза бо сил ва табибони оилавӣ аз болои 19 нафар беморони шакли мутобиқгардидаи сил (МЛУ\ТБ) назорати доимиро ба роҳ монда, ҳар рӯз ду маротиба ба хонаи онҳо мераванд, дору мебаранд, ба беморон сӯзандору мегузаронанд, - нақл мекунад роҳбари «Накӯкор».

- Пеш аз оғози ҳар чорабинӣ мо дар бораи худи лоиҳа, мақсадҳои он, дар бораи Хазинаи глобалӣ ҳамчун маблағгузори лоиҳа ва Барномаи Рушди СММ ҳамчун ҳамшарики ташкилоти ҷамъиятии мо маълумоти мушаххас медиҳем, - иброз медорад ӯ.

24 март – дар Рӯзи байналхалқии мубориза бо сил, ташкилоти ҷамъиятии «Накӯкор» дар ноҳияҳои пилотӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногунро ба нақша гирифтааст. Дар доираи чорабиниҳо 24, 25 ва 26 март баромади театрҳои мобилӣ бо саҳначаҳои махсус, гузаронидани викторина ва озмуни беҳтарин расм оид ба пешгирии бемории сил дар байни аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Источник: ИА "Азия Плюс"
Автор: UNDP
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156251