Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Комментарии

27.03.201211:14
Источник изображения: news.tj

Силро аз байн мебарем

Назорати сил дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон

Барномаи мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷаи БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оиди гузаронидани чорабиниҳои зиддисилӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ кӯмаки техникӣ ва молиявӣ мерасонад.

Айни замон мубориза бар зидди бемории сил яке аз масъалҳои муҳимтарини соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар шароити муассисаҳои ислоҳӣ бошад, ин масъала моҳияти махсусро доро аст, чунки маҳкумшудагон хатари сирояти силро дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд меоранд.

Бояд қайд кунем, ки маҳкумшудагон дар ҷойҳои адои ҷазо дар шароити ниҳоят зич нигоҳ дошта мешаванд ва ин ҳолат ба сироятёбии бемории сил мусоидат менамояд. Омилҳои дигари сироятёбӣ - ин кофӣ набудани маводҳои серғизо, аз тарафи маҳкумшудагон риоя накардани коидаҳои санитарӣ-гигиении шахсии худ ва ба қадри кофӣ иваз нанамудани боду ҳавои дохили ҳуҷра мебошанд.

Дар баробари ВНМО, бемории сил яке аз сабабҳои асосии беморшавӣ ва марги маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба шумор меравад. Ин омилҳои хатарнок на танхо ба маҳкумшудагон, балки ба тамоми шахсоне, ки ба онҳо алоқамандӣ доранд, тааллуқ доранд.

Баъди адои ҷазои ҷиноят, маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳ гашта хатари сироятёбии бемории силро меафзоянд.

То соли 2005 вазъи бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ ниҳоят ташвишовар буд ва баъди ворид гаштани барномаи дурнамои ДОТС дар муассисаҳои ислоҳӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Дар солҳои охир назорат аз болои бемории сил бо шарофати амалҳои ҳамдастагии Раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ бо алақамандии зичи шарикони хориҷӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят хуб ба роҳ монда шуд.

Мавриди қайд аст, ки дар соли 2011 нисбати солҳои гузашта, дарёфти ҳолатҳои нави бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ 33% зиёд гардид, ки ин ҳама бо шарофати гузаронидани ташхисҳои тафриқавӣ ва маслиҳатдиҳии мутахассисони соҳаи зидди силии Вазорати тандурустӣ муяссар гашт.

Агар беморшавӣ дар соли 2001 ҳамагӣ 1390 нафарро ба 100000 маҳкумшудагон ташкил диҳад, ин нишондод дар соли 2005 аллакай 5,5 маротиба кам гаштааст. Ҳолатҳои фавти маҳкумшудагон бошад, нисбати солҳои гузашта 35% кам гардидааст, ки ин гувоҳи табобати саривақтии назораткунанда (ДОТС) мебошад.

Қобили зикр аст, ки Барномаи зиддисилӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз соли 2005 дар 19 муассиса ба роҳ монда шуд, ки мақсади асосии он - пурзӯр намудани назорати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ ба шумор мерафт ва 8-10 ҳазор маҳкумшудагонро дар бар мегирифт. Дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ бо дастгирии молиявии ташкилоти «Каритас Люксембург» тавқифгоҳҳо барои ҷудогона нигоҳ доштани маҳкумшудагони гирифтори бемории сил ва бо табобати зиддисилӣ фаро гирифтани онҳо, сохта ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар муассисаҳои ислоҳӣ 17 ҳазор таҳлилҳои флюорографӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 280 нафар гумонбаршудагони бемории сил дарёфт гардиданд. Баъди гузаронидани тахлилҳои лаборатории балғамӣ гумонбаршудагони бемории сил, дар 194 ҳолат бемории сил байни маҳкумшудагон ба қайд гирифта шуд. Чорабинии мазкур барои саривақт ҷудо кардан ва ба табобат ҷалб намудани маҳкумшудагони гирифтори бемории сил, инчунин беҳ намудани шароити эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат намуд.

Дар гузаронидани чорабиниҳои мазкур ва мониторингҳои доимӣ ҳиссаи кормандони Раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии зиддисилии Вазорати тандурустии ҶТ, Барномаи Рушди СММ ва ташкилоти «Каритас Люксембург» назаррас мебошад.

Дар Раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ маркази итиллотии омории ахборотӣ бо системаи бақайдгирӣ, ҳисоботҳои муқоисавӣ оиди бемории сил ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи ахборот аз қисмҳои тиббии муассисаҳои ислоҳӣ дар 3 моҳ 1 маротиба ворид гашта, ба воситаи Раёсати тиббӣ ба СРИҶҶ ВА ҶТ ва маркази ҷумҳуриявии зиддисилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ равона карда мешавад. Яке аз мақсадҳои асосии ташрифи мониторингӣ - маслиҳатдиҳӣ, ёрии техникӣ ва муқоисаи ҳисобот ба шумор меравад.

Кам гаштани ҳолатҳои фавти маҳкумшудагон ва беҳтар гаштани хизматрасонии тиббӣ натиҷаи ҷалб намудани ҳамаи муассисаҳои ислоҳии СРИҶҶ ВА ҶТ ба чорабиниҳои барномаи зиддисилӣ ва баланд бардоштани сиёсати пайгирандаи Вазорати адлия мебошад, ки инро ба имзо расидани якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оиди беҳ намудани назорати бемории сил тасдиқ менамояд.

Бо дастигирии молиявии БРСММ оиди бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои асосии зиддисилӣ дар муассисаҳои ислоҳии СРИҶҶ ВА ҶТ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, бо дастгирии барнома дорувориҳои зиддисилии қатори 1 ва 2, дастгоҳҳои тафриқавӣ ва маводҳои барангезанда, дастгоҳи рентгенӣ ва флюорографӣ-радиологӣ, воситаҳои нақлиётӣ барои заруриятҳои тиббӣ ва расонидани балғам ба ташхисгоҳҳои лаборатории МЗСҶ харидорӣ гардидаанд ва дар айни замон ба кор бурда шуда истодаанд..

Ғайр аз ин, барои беҳ гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ дар назди Беморхонаи марказии СРИҶҶ ВА ҶТ барои 100 нафар маҳкумшудагони гирифтори бемории сил, беморхона сохта шуда истодааст, ки ба ҳамаи меъёрҳои умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, то охири соли 2012 ба истифода дода мешавад. Бо дастгирии техникии БРСММ, «Каритас Люксембург» ва МЗСҶ потенсиали техникии кормандони тиб такмил дода шуда истодааст.

Дар навбати худ, таваҷҷӯҳи зиёд ба бемориҳои сироятии якҷояи сил/ВНМО дода мешавад. Аз ин лиҳоз, мунтазам ба таври ихтиёрӣ байни маҳкумшудагон оиди дарёфти ВНМО тест гузаронида мешавад, ки ин боиси саривақт дарёфт гардидани бемории сил дар байни сироятёфтагони ВНМО ва дарёфти ВНМО байни беморони сил мегардад. Умуман, дар солҳои 2010-2011 байни маҳкумшудагони гирифтори бемории сил 29 ҳолати ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи беморони дарёфтгардидаи ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ ба табобати профилактикии «Изониазид»ва дар ҳолатҳои лозима - ба табобатизиддивирусӣ (АРВт) ҷалб карда мешаванд.

Ҳолатҳои эпидемиологии муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бемории сил вобаста ба омилҳое, ки ба шаклҳои мутобиқгаштаи сил оварда мерасонанд (танаффуси пайдарпай, риоя накардани низоми табобат ва риоя накардани назорати сироятӣ) сабаби паҳн гаштани шаклҳои мутобиқгашта ба ҳар гуна дорувориҳои зиддисилӣ мегардад.

Аз соли 2010 сар карда, дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барномаи пилотӣ оиди назорати шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил ба роҳ монда шудааст, ки дар чорчӯбаи он ташхисҳои ҳозиразамони бактериологии балғам, табобати шаклҳои мутобиқгаштаи сил, пешгирӣ ва чораҳои назорати сироятӣ гузаронида мешаванд.

Итиллоот дар байни маҳкумшудагон ва кормандони муассисаҳо оиди бемории сил беҳ гардидааст, ки боиси пурзӯр шудани диққати кормандон ва маҳкумшудагон оиди бемории сил гаштааст.

Ҳамбастаги миёни Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Маркази зиддисилии Вазорати тандурустӣ дар ҳолатҳои бармаҳал баромадани маҳкумшудагон ба озодӣ ҳангоми авф мусбӣ арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла ҳангоми санади авфи охирин бо дастгирии мутахассисони МСБҶ, БРСММ ва «Каритас Люксембург» тақрибан 100 нафар беморони гирифтори бемории сил саривақтӣ ба муассисаҳои зиддисилии шаҳрвандӣ бо кортҳои амбулаторӣ ва дорувориҳои боқимондаи зиддисилӣ бурда расонида ва ба қайд гирифта шуданд. Ин чораҳо барои пешгирии кандашавӣ аз табобат, паҳншавии бемории сил ва ташаккули шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил дар ҷомеаи шаҳрвандӣ равона карда шудаанд. Барои ҳамин, ба озодӣ баромадани маҳкумшудагони гирифтори бемории сил барои назорати зиддисилии тандурустии Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мусбӣ арзёбӣ мегардад.

Мисли дигар сохторҳои давлатӣ дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ проблемаҳои ҳалталаб кам нестанд, ки ба норасоии мутахассисони соҳаи тиб, маблағҳо барои харидории дастгоҳҳои тиббӣ ва доруворӣ, маводҳои серғизо барои беморони сил, кам будани маоши кормандони тиб вобастагӣ доранд. Бояд дар сохтори тандурустии Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дигаргуниҳои назаррасро ворид сохта, таваҷҷӯҳи ҷомеаро оиди бемории сил дар байни маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд, ҷалб намоем.

Мо боварӣ дорем, ки дар якҷоягӣ бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ паҳншавии бемории силро дар муассисахои ислоҳии Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешгирӣ карда метавонем.


Источник: ИА "Азия Плюс"
Автор: номзади илми тиб,подполковники хизмати дохила,Рустам Нуров,сардори Раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷин
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1220:22Чего ожидает Душанбе от нового лидера Узбекистана?
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов
05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156254