Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Комментарии

04.04.201208:26
Источник изображения: news.tj

Огоҳкунии аҳолӣ - заволи бехатарӣ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо - барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” мебошад.

Мақсади асосии барнома - ташаккули фаҳмиш оид ба хавфи мина, муҳимоти натаркида ва бомбаҳои кассетӣ ва паст кардани хавфи фалокати шаҳрвандӣ дар байни сокинони минтақаҳои зери хатари мина бо риояи раванди гендерӣ, муоширати сифатнок дар фаъолиятҳои огоҳсозӣ, омӯзондани рафтори бехатар дар байни марзбонон ва нашри маводҳои итилоотии огоҳсозӣ аст.

Барнома ҳамчун манбаи итиллоотӣ ва таълимотӣ як қатор фаъолиятҳои огоҳсозиро барои аъзоёни ҷомеа, намояндагони сохторҳои мухталифи вилоятҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва деҳот, ихтиёриён, омӯзгорон ва марзбонон ба иҷро мерасонад. Бояд гуфт, ки мувофиқи тадқиқоти ибтидоӣ тахминан 1 млн. аҳолӣ дар 24 ноҳия зери хатари минаҳо қарор доранд.

Огоҳсозӣ дар 6 ноҳияи сарҳадии вилояти Суғд, 7 ноҳияи сарҳадии вилояти Хатлон, 5 ноҳияи водии Рашт, 5 ноҳияи сарҳадии ВМКБ ва ноҳияи Турсунзода амалӣ шуда истодааст. Дар соли 2011 26 омӯзишҳои сатҳи минтақавӣ ва ноҳиявӣ бо таъмини зиёда аз 9000 маводҳои иттиллотии огоҳсозӣ ва таблиғотӣ гузаронида шуданд. Аз давраи оғози фаъолияти барнома ( аз соли 2007 то инљониб) ба 740 623 нафар маълумоти огоҳсозӣ ва рафтори бехатарии зидди мина ёд дода шуд.

Моҳи феврали соли гузашта дар натиҷаи ҳамкориҳои муштараки МТММ ва Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ омӯзишҳои огоҳсозӣ дар дидбонгоҳҳои манотиқи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар раёсатҳои Шаҳритус, Панҷ, Ҳамадонӣ, Шӯрообод, Қалъаихумб ва Хоруғ гузаронда шуд. Дар навбати худ тренерҳои мо ба 1890 нафар марзбони дидбонгоҳҳо, аз ҷумла афсарон, сержантҳо ва сарбозон малакаҳои рафтори бехатарии зидди минаҳоро расонданд. Ин иқдом ҳамеша аз ҷониби ҳайати ҳарбии раёсатҳои минтақаҳои сарҳадӣ ҷонибдорӣ карда мешавад.

Инчунин дар доираи барнома омӯзишҳои минтақавӣ оид ба дарки масоили гендерӣ барои гурӯҳҳои мақсадноки ҷамоаҳои зери хатари мина бо ҷалби аъзоёни ҷомеа (106 зан ва 144 мард) ва ҳукуматҳои маҳаллию шӯроҳои занон ба итмом расид. Маълумотҳои додашуда барои беҳтар кардани тасаввурот ва дарки дурусти мавқеи иҷтимоии мардону занон дар огоҳсозии мардум аз хатари мина равона карда шуданд. Натиҷаи ин омӯзишҳо - зинаи иштироки баробари аҳли ҷомеаҳои зери хатари мина аз тарафи ихтиёриёни маҳалӣ ва гурӯҳҳои мақсаднок беҳтар гардид.

Бояд гуфт, ки созмони байналмилалии ЮНИСЕФ (с. 2005-2007) барои омӯзондани омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои шаш ноҳия саҳми калон гузошт ва ин ҳамкорӣ то давраи ҳозира аз љониби МТММ барои дастгирии мактабҳое, ки дар манотиқи зери хатари мина қарор доранд, давом дорад. Инчунин тирамоҳи соли гузашта «Handicap International» - тавсиягари барномаи огоҳсозӣ аз кишвари Босния таи як моҳ бо ҳайати корӣ фаъолият намуд. Аз ҷониби барнома таҳлилу муҳокимаҳо ва ҷанбаҳои зарурии фарогирии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ватанӣ ва байналхалқӣ ба нақшаи чорсола ворид карда шуд. Мавқеи калонро дар соҳаи дастгирии фаъолиятҳои огоҳсозӣ БРСММ ишғол менамояд, ки он манбаи маблағгузории фаъолиятҳоро дастгирӣ менамояд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Кумитаи Салиби Сурх аввалин бор барномаи худро дар шимоли мамлакат оғоз намуд, ки мақсади он - огоҳ намудан ва баланд бардоштани дониши мардуми бумии наздимарзии ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад. Аслан дар татбиқи босифати барнома саҳми ихтиёриён аз ноҳияи Исфара хеле назаррас аст. Маҳз дар ҳамин ноҳия таркишҳои аввалин ба қайд гирифта шуданд. Айни ҳол барнома дар 7 ноҳияи сарҳадии вилояти Хатлон ва 6 ноҳияи вилояти Суғд фаъолият карда, дар 25 навоҳии зерихатари ҷумҳурӣ 43 нафар ихтиёриёнро дастгирӣ мекунад.

Соли гузашта лоиҳаи «Огоҳсозӣ» дар вилояти Хатлон бо кӯмаки молиявии Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх татбиқ шуд. Тибқи нақша ба 28 000 нафар аҳолии дар деҳоти ба хатар наздик зиндагикунанда маълумоти огоҳсозӣ расонда шуд. Инчунин дар охири соли 2011 бо кӯмаки молиявии БРСММ бо ташаббуси бахшҳои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх 6 семинари огоҳсозӣ дар 5 ноҳияи водии Рашт ва 6 ноҳияи наздимарзии вилояти Суғд, инчунин семинарҳои якрӯза дар шаҳри Хуҷанд ва водии Рашт бо намояндагони маҳалҳои аз задухӯрдҳо зарардида, хусусан дар деҳоти Ҷафр, деҳоти Шул ва Шулмаки Камароб гузаронда шуданд. Ҳайати масъулин ва ихтиёриёни огоҳсозӣ бо маводҳои итиллоотӣ таъмин гашта, ба шумораи 13 000 нафар ёригирандагони бевосита оид ба пешгирии хатар маълумот расонданд.

Гарчанде лоиҳаи алоҳидаи огоҳсозӣ барои мактабҳо дастгирӣ нашуда бошад ҳам, аммо ба воситаи ёригирандагони бевосита равияҳои таълимотӣ оид ба қоидаҳои бехатари зидди минаҳо ба 7 800 нафар хонандагон омӯзонда шуд.

Барномаи огоҳсозӣ фаъолияти омӯзишро барои сокинони ҷумҳурӣ ба воситаи тренингҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳои расмкашӣ ва навиштани иншоҳо, нақлҳои омӯзишӣ, бозиҳои нақшавӣ, истифодаи лӯхтакҳо, тақсимоти маводҳо, барқарор сохтани лавҳаҳои оҳанин бо навиштаҷоти «Эҳтиёт! Минаҳо!», таъмири майдончаҳои бехатарӣ барои ҳифзи ҳаёти кӯдакон дар назди мактабҳо, чопи нашрияҳои гуногун, аз қабили баннерҳо, постерҳо, дастурҳо, роҳнамоҳо, буклетҳо, брошураҳо, тақвимҳо ва манбаъҳои итиоллотӣ минбаъд ҳам амалӣ менамояд.

БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД

Источник: ИА "Азия Плюс"
Автор: ҳамоҳангсози барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хат,Шаҳриниссо Давлатова
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1206:54На выборах президента Узбекистана проголосовало около 88% избирателей
05.1206:15Прокуратурой города Душанбе выявлены факты нарушения прав потребителей электроэнергии
04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00