Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Комментарии

04.04.201208:33
Источник изображения: news.tj

Ҳолати хатарнокии минаҳо дар Тоҷикистон

Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо (МТММ) - лоиҳаи Барномаи Рушди СММ буда, ваколатдори идораи тамоми масъалаҳои вобаста ба минаҳои зидди пиёдагард дар Тоҷикистон мебошад. Дар бораи фаъолияти он қарор додем бо Роҳбари амалиётҳои МТММ Парвиз МАВЛОНКУЛОВ суҳбат намоем.

- Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар кадом самтҳо фаъолият мебарад?

- Маркази мо масъули ҳамоҳангсозии амалиёти минаҳо дар 5 самт мебошад: безараргардонии башардӯстонаи минаҳо; нобудсозии захираҳои минаҳои зидди пиёдагард, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо; кӯмак ба ҷабрдидагон ва таблиғот нисбати манъ намудани минаҳои зидди пиёдагард. Дар давраи фаъолияти худ Маркази мо корҳои муайянеро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти амалиёти зидди минаҳо иҷро намуд. Дар соли равон татбиқи барномаи тоҷикистонӣ оид ба амалиёти зидди минаҳо тибқи Нақшаи Стратегии амалиёти зидди минаҳо барои солҳои 2010-2015 ва Нақшаи солона барои соли 2012 сурат гирифтааст.

- Ҳолати хатарнокии минаҳо дар Тоҷикистон то кадом дараҷа аст?

- Вазъият ҳоло ҳам ташвишовар аст. Дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону ӯзбекистон таъсирнокии хатари минаҳо ҳанӯз дар сатҳи баланд боқӣ мондааст. Ҳодисаҳои таркиш аз минаҳо ва муҳимоти натаркида дар ҷануби кишвар тасдиқ менамоянд, ки сатҳи хатарнокӣ дар ин минтақаҳо низ паст нест. Хатарнокии минаҳо асосан ҳангоми безарарсозӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, ҷамъоварии ҳезум, алафдаравӣ, бозии кӯдакон ва дигар машғулиятҳои саҳроии аҳолии ин минтақаҳо, ки онҳо асосан бо ин воситаҳо зиндагӣ ба сар мебаранд, таҳдид менамояд.

Мутобиқи маълумотҳои мавҷудбуда, аз соли 1992 инҷониб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида 470 нафар маҷрӯҳ шуда, 364 нафар ҳалок гаштаанд, ки зиёда аз 30 фоизи онҳо кӯдаконанд.

Бояд қайд кард, ки агар дар соли 2011 ҳамагӣ 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида зарар дида бошанд (2 нафар - ҳалок ва 4 нафар – маҷрӯҳ), дар се моҳи соли равон аллакай 7 зарардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 4 нафараш маҷрӯҳ ва 3 нафар ҳалок шудаанд.

- Масъалаи тадқиқот ва безараргардонии минаҳо аз тарафи Марказ чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

- МТММ дар ин самт бо ташкилотҳои ғайриҳукуматии Фонди Швейтсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо (ФШБМ), Филиали ташкилоти Кӯмаки мардуми Норвегия (КМН) дар Тоҷикистон ва Дастаи поксозии башардӯстонаи минаҳои (ДПБМ) Вазорати мудофиаи ҶТ ҳамкорӣ менамояд.

Бояд зикр намоям, ки соли гузашта бо 171 хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва 158 ғайринизомиён аз ҷониби ФШБМ, КМН ва ДПБМ омӯзишҳои амалиётӣ ва тиббӣ гузаронида шуд. Инчунин, 12 сагҳои минаҷӯй аз ҷониби МТММ аккредитатсия карда шуданд.

Филиали ташкилоти КМН дар Тоҷикистон барои пурзӯр намудани иқтидори барнома аз Маркази глобалии омӯзишии КМН дар Босния ва Герсеговина дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Барномаро бо 10 сагҳои минаҷӯй таъмин намуд, дар муддати се мох ин ташкилот бо сагҳои мазкур ва 10 мурраббиёни сагҳо омӯзишҳо гузаронд. Дар соли 2012 ин иқтидор ба минтақаҳои хатарнок барои гузаронидани амалиётҳои безарарсозӣ сафарбар карда мешавад.

Соли гузашта дар ҳайати гурӯҳҳо ҳамагӣ 277 нафар, аз он ҷумла 113 хизматчиёни ҳарбӣ, 132 ғайринизомиён, 24 нафар духтурон ва 8 нафар хориҷиён дар 42 минтақаҳои хатарноки ноҳияҳои Панҷ, Шӯрообод, Шаҳритус, Қумсангири вилояти Хатлон ва дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвози ВМКБ амалиётҳои тадқиқоти техникӣ ва поксозии минаҳо гузарониданд. Дар соли 2011 аз ин майдонҳо 38 майдон ва аз оғози барнома 87 майдон ба пуррагӣ аз минаҳо тоза карда барои истифода ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорида шуд.

Дар натиҷаи амалиётҳои соли гузашта ҳамагӣ 6,492 дона минаҳои зидди пиёдагард ва 172 муҳимоти натаркида, яъне бомбаю снарядҳо, 1 бомбаи кластерӣ, 2,6 кг моддаҳои тарканда ва зиёда аз 55 дона тирҳои силоҳи сабук (аз оғози Барнома 20,833 дона минаҳои зидди пиёдагард, 32 адад минаҳои зиддитанкӣ, 3,015 дона муҳимоти нотаркида, 502 дона бомбаҳои кассетӣ, 15.1 кг моддаҳои тарканда ва зиёда аз 21,868 дона тирҳои силоҳи сабук) пайдо ва нобуд карда шуданд. Дар ин давра аз ҷониби ду гурӯҳи тадқиқотӣ дар ноҳияҳои Қумсангиру Панҷи вилояти Хатлон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 164 адад ва дар ноҳияи Исфара 15 нишонҳои огоҳикунандаи хатари минаҳо гузошта шуданд. Мувофиқи иҷозатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 2 гурӯҳҳои тадқиқотӣ дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳудуди вилояти Суғд амалиётҳои тадқиқотӣ оғоз карда шуданд. Амалиётҳои тадқиқотӣ дар чор ноҳияҳои вилояти Суғд (Ашт, Панҷакент, Айнӣ ва Исфара) ба охир расонида шуд ва натиҷаи он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ дар ҳолати таҳлил аст.

- МТММ бо дигар ташкилотҳо чӣ гуна ҳамкорӣ мекунад?

- Мисли солҳои пешин, шарикони асосии МТММ дар татбиқи барномаи тоҷикистонӣ оид ба масъалаҳои минаҳо Барномаи Рушди СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои донор дар Тоҷикистон, Маркази байналмилалии Женева оид ба безараргардонии башардӯстонаи минаҳо, Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо, Кӯмаки мардуми Норвегия, Маркази амалиётҳои тадқиқотӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудофиа, тандурустӣ, Саридораи Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, Гвардияи Миллӣ, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Ассосиатсияи маъюбони Тоҷикистон, ТҒД «Ҳамоҳангии ҷаҳон» ва намояндагии Созмони Байналмилалии Маъюбон дар Тоҷикистон буданд ва бо онҳо ҳамкории мутақобила таъмин карда мешавад.

Донорҳои асосии Барномаи тоҷикистонии амалиёти зидди минаҳо - Канада, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Германия, Британияи Кабир, Шветсия, Барномаи Рушди СММ, Норвегия, ИМА, Ҷопон мебошанд.

Кобили қайд аст, ки кормандони МТММ ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин ҷабрдидагони минаҳо, бо дастгирии Барнома дар ҷаласаҳои байналмилалию минтақавӣ ва курсҳои омӯзишии гуногун иштирок менамоянд.

- Дар бораи проблемаҳо ва нақшаҳои дар пеш истода чанд сухан мегуфтед.

- То ба имрӯз минтақаҳои хатарнок, бо назардошти майдонҳои аз мина ва дигар муҳимот тоза карда шуда, асосан дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи марказӣ тақрибан 9 км², ки зиёда аз 190 майдонҳои минаҳоро ташкил медиҳад, боқӣ мондааст.

Дигар масъалае, ки то айни ҳол ҳалли худро наёфтааст, ин зарурати таъсиси мақоми миллии идораи амалиёти зидди минаҳо дар Тоҷикистон мебошад. МТММ ҳамчун лоиҳаи БРСММ ба ҳисоб меравад ва статуси мақоми миллӣ ва ашхоси ҳуқуқиро надорад. Тамоми хароҷоти фаъолияти МТММ аз ҳисоби Барномаи Рушд пардохт карда шуда истодааст. Бо мақсади баланд бардоштани саҳми Ҳукумати кишвар ва ҷалби васеътари донорон дар татбиқи Барномаи амалиёти зидди минаҳо, БРСММ ба Ҳукумат муроҷиат кардааст, ки Марказ мақоми миллии амалиёти зидди минаҳоро соҳиб гардад. Дар марҳилаи ҳозираи татбиқи Барнома, донорон бо мақоми миллии амалиёти зидди минаҳо, ки бояд таҷассумгари баланд бардоштани саҳми Ҳукумати Тоҷикистон бошад, хоҳиши мустақиман ҳамкорӣ карданро доранд. Вазифаи асосӣ дар соли равон пурра ва саривақт таъмин намудани барнома бо маблағи зарурӣ мебошад, то ин ки он бо тамоми иқтидораш фаъолият карда тавонад.

Соли 2011 ҳамагӣ 2 081 547 м² (зиёда аз 200 гектар) ва аз оғози Барнома 8,040,396 м² заминҳои Тоҷикистон аз минаҳо тоза карда шуд.

БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД

Источник: ИА "Азия Плюс"
Автор: UNDP
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00