Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Миграция

18.05.201215:25

Ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли равон бармеояд, таърихи 18 майи соли 2012 Созишнома дар бораи ҳамкории байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фарогирии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (немисӣ, англисӣ, русӣ ва дигарҳо), инчунин касбомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаи касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба имзо расид. Ҳадаф аз ба имзо расидани Созишномаи мазкур, ин ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.      Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - С.Девонаев ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.Маҳмадаминов дар якҷоягӣ бо масъулини соҳа дар ифтитоҳи кушодашавии нахустгурӯҳҳо оид ба омӯзиши забонҳои немисӣ, русӣ иштирок намуда, зарурияти моҳияти масъалаи мазкурро ба шунавандагон иброз намуданд.      Дар ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии чунин марказҳои омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Мастчоҳи нав дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар назар аст.  

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1208:00Эмомали Рахмон в Гиссаре открыл заповедник редких зверей и птиц
07.1216:12Глава СПЧ попросил Собянина убрать вывески на узбекском и таджикском
07.1209:29Один человек погиб, девять пострадали в результате взрыва в Денау
07.1207:22Таджикского бойца MMA Чоршанбиева депортируют  из России
06.1216:00Земля, как товар: двое сотрудников комитета по землеустройству и геодезии подозреваются в земельном мошенничестве


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2021 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156216