Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Общество

19.09.201313:16

ҶСК «Тоҷик Эйр» интиқоли зоиринро оғоз мекунад

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -  Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» 21-уми сентябр интиқоли зоиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шуруъ менамояд. Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гуруҳи зоирин иборат аз  210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина  интиқол дода мешаванд. 

Соли ҷорӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбря  то 1-уми октябр бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва  аз санаи  19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни Тоҷикистонро ба ватан бармегардонад. Дар маҷмуъ ҶСК «Тоҷик Эйр» 2730 нафарро барои иҷрои ҳаҷи фарзӣ  ба Арабистонӣ Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмўи умумии зоирини Тоҷикистонро  дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд. 

 

 

 

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(1)
27.0515:10Автобусное сообщение между Таджикистаном и Узбекистаном возобновится осенью?
27.0512:24Как правильно держать пост в священный месяц Рамазан?
27.0512:09Они уже видят космонавта, академика…но моют ковры(1)
27.0510:34В ДТП на севере Таджикистана погибли два человека


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(4)
27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(2)
27.0512:48На 90 году жизни скончался автор «Великой шахматной доски»(1)
27.0512:09Они уже видят космонавта, академика…но моют ковры(1)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00