Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Комментарии

23.01.201415:54
Источник изображения: news.tj

Дастовардони толибилмони точик

Толибилмони тољик сазовори Љойњои ифтихори дар Олимпиадаи байналмилалли гаштанд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки хонандагони тоҷик сол то сол дар Олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ фаъолона иштирок карда, ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Ин дастовардҳои хонандагони тоҷик далели он аст, ки насли навраси мо мисли ҳамсолони хориҷии худ лаёқатманд буда, дорои тафаккури рақобатпазир мебошанд.

Имсол дар нахустин олимпиадаи байналмилали Жаутиков аз фанҳои физика, математика ва информатика дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок варзида, парчами ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарафи мактаби тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.01.2014, № 7 3(се) дастаи хонандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - дастаи якум гимназияи ,,Ҳотам ва ПВ’’ дар ҳайати 10 нафар; дастаи дуюм-литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар ҳайати 14 нафар ва дастаи муштараки Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар аз 11 то 18 январи соли 2014 барои иштирок дар Олимпиадаи X байналмилалии Жаутиков аз фанҳои физика, математика ва технология информатсиони дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон буданд.

Дар Олимпиадаи мазкур хонандагон аз 17 мамлакати дунё - Россия, Балгария, Руминия, Индонезия, Муғулистон, Узбакистон, Сербия, Украина, Ҳиндустон, Арманистон, Гурҷистон, Туркманистон, Қирғизистон, Белорусия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар ҳайати 56 даста 390 хонандагон иштирок намуданд.

Аз рўи ҷамъбасти натиҷаи олимпиадаи мазкур хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии Хоҷи Камоли ш.Душанбе бо як медали тилло, ду медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ дар байни 56 даста сазовори ҷойи чорум гардида, соҳиби дипломи махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

Ба ҳамаи хонандагоне, ки дар олимпиадаи мазкур сазовори ҷойҳои ифтихори гаштаанд ба се донишгоҳи бонуфузи Ҷумҳурии Қазоқистон (Донишгоҳи техникии Қазоқистон, Донишгоҳи ба номи Назарбоев ва Донишгоҳи Британия дар Қазоқистон) роҳхат дода шуд.

Источник: ИА "Азия Плюс"
Автор: Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии Хоҷи Камо
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156243