Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Главные новости, Лента новостей, Видеоновости

14.02.201416:58
Сюжет МТРК "Мир"
Источник видео: МТРК "Мир"

Душанбе и Бишкек подпишут соглашение о приграничных дорогах

Душанбе, 14 февраля. Таджикистан и Кыргызстан планируют в ближайшие дни подписать межгосударственное соглашение об использовании приграничных дорог. Об этом на отчетной пресс-конференции Министерства транспорта Таджикистана заявил глава ведомства Хайрулло Асозода.

Таджикский вариант предполагаемого документа уже подготовлен и сегодня представлен для обсуждения сторон. Напомним, таджикско-киргизская граница была закрыта в одностороннем порядке кыргызской стороной после инцидента 11 января.

«От закрытия границы страдает простой народ и транспортные компании-перевозчики. Всего более 30% от общего объема международных перевозок по данному маршруту приходится на таджикские транспортные компании, остальная часть приходится на китайские и кыргызские компании. У нас существуют многочисленные альтернативные пути, которыми мы и пользуемся в настоящий момент», - сказал Асозода.

Министр также отметил, что одним из приоритетных направлений является строительство и реконструкция сельских дорог и связь их с центральными автомагистралями. В 2013 году было завершено строительство двух важных тоннелей – «Чормагзак» и «Шахристан». Всего на строительство и улучшение качества дорог ушло около 850 миллионов долларов.

Источник: МТРК "Мир"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
17.02.2014 08:41
Найранги қирғизона ва соддагии тоҷикона Баъди омӯзиши маводи зиёд дар бораи низои байни тоҷику қирғиз ба хулосае расидам, ки дар деҳаяки Оқсойи Қирғизистон ҳамагӣ 50 оила зист доранд ва ҳукумати қирғиз ба доди онҳо ҳамеша расидагӣ мекунанд. Аммо дар Исфарамарз, ки ҳудуди 250 ҳазор аҳолӣ маскунанд, дар талоши марзу буми бобоӣ кам касеро парвоесту ғамхорӣ. Тибқи санадҳои дақиқ аз соли 1974 то ба ин сӯ, байни аҳолии Бодкону (аз забони тоҷикии кони бод, на Баткент) Исфара 9 бор муноқишаи талоши марз ба миён омадааст. Аҷибии кор дар ин аст, ки дар ин 9 талош ҳамеша ҷониби қирғизҳо дар талош пирӯз омадаанд ва ҳукумати Тоҷикистон ҳар чӣ онҳо хостаанд, бароварда гардонидааст. Ахиран талоши санаи 11 январи соли ҷорӣ, ки бо тирпаррониву хунрезӣ анҷом ёфт, бори даҳум мешавад, ки қирғизҳо пирӯз мешаванд ва хостаҳояшонро ҷониби Тоҷикистон бе чунучаро иҷро мекунад. Агар солҳои 37-и асри 20 мебуд… Нахустин муноқишаи тоҷикону қирғизҳо ҳанӯз солҳои 1969-1974-и асри 20 дар марзи Исфараву Бодкон ба вуқӯъ пайваста буд. Он вақт вазифаи котиби комиҷроияи ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро собиқадори Ҳизби коммунисти Шӯравӣ Ваҳҳоб Воҳидов ба дӯш дошт. В.Воҳидов дар айни ин муноқишаҳо васияти Ленин "баробарӣ-бародарӣ"-ро пеши назар оварда, бо дасти "муборак"-и худ ба санаде имзо гузошт, ки тақдири 252 ҳазор гектар замини ноҳияи Исфара ҳал шуд. Яъне ҳанӯз соли 1974 тибқи ин санад 252 ҳазор гектар заминҳои марзи Исфара ба харитаи Қирғизистон билкулл ва бебозгашт гузашт, ки маҷмӯъи заминҳои корами обиву лалмӣ, кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи қисмати болои Чоркӯҳ ва қисмате аз сарчашмаи дарёи Исфара ба он шомил мешаванд. Ин нахустин бохти миллат дар боби талоши марз буд. Ҳамин тавр, то ба имрӯз 18 маротиба комиссияи паритетӣ оид ба тақсими марзи Қирғизистону Тоҷикистон ташкил шудааст, ки мутаассифона ҷониби Тоҷикистон 18 маротиба нозунузи ҷониби Қирғизистонро қабул карда, ягон бор бурд накардааст. Тасаввур мекунам, агар режими соли 1937 мебуд, ин гуна котиби ҳизбиро барои чунин амалаш чӣ интизор буд… Тоқон Мамитов миллатдӯст, Алимардон чӣ? Ҷанҷоли ахири байни тоҷикону қирғизҳо, ки санаи 11 январ дар марзи Хоҷаи Аъло ва Оқсой ба вуқӯъ пайваст, ба эъзоми нерӯҳои ҳарбии ду тараф боис шуд. Аксари мардуми Чоркӯҳу Воруху Хоҷаи Аъло кӯдакону занҳои худро ба Исфараву Конибодому Хуҷанд ба хотири он ки эҳтимоли тирпаррониву хунрезии шадид ба дунбол хоҳад буд, кӯчониданд. Сабаби муноқишаи ахир ин буд, ки марзбонони тоҷик монеи сохтмони роҳи Бодкон-Оқсой-Тамдиқ шуданд, ки қирғизҳо худсарона тариқи сарзамини Тоҷикистон онро сохтанӣ буданд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, натиҷаи ин тирпарронӣ се захмии сарҳадбони тоҷик ва шаш захмии сарҳадбони қирғизро ба ҷо гузошт. Баъди ин тирпарронӣ як муддат сохтмони роҳи мазкур қатъ шуда, Қирғизистон сарҳадашро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе як муддат фаро хонд. Исфарагиён табли шодӣ заданд, ки кор ба фоидаи ТОҶИКОН (!) ҳал шуд. Аммо… Ҳайҳот!!! Вобаста ба қазияи мазкур тамоми нерӯҳои дипломативу ҳарбиву ҳукуматии ду кишвар сари музокирот нишастанд. Бо ташриф ва дахолати ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба амният Шералӣ Хайруллоев ҷонибҳо нерӯҳои ҳарбии худро қафо кашиданд. Гуфтушунид болои гуфтушунид сар шуд. Музокироти ахире, ки санаи 30 январ дар Бишкеки Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, миллатдӯст будани нахустноиби сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитовро нишон доду ватандор будани Муродалӣ Алимардонро зери суол бурд ва бо ҳамин овози табли шодии мардуми Исфара дар бобати қатъ шудани сохтмони роҳи қирғизҳо ба боди фано рафт. Алимардон бори дигар исбот кард, ки ӯ воқеан дипломат нест. Кунун ҶҚ роҳашро тариқи замини Тоҷикистон сохтан мегирад. Тавре дар нашрияи "Вечерний Бишкек" Тоқон Мамитов иброз намудааст: - Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони роҳи Бодкон-Оқсой-Тамдиқ монеъ нест,-гуфтааст Тоқон Мамитов ва илова намудааст,-ман бо ҳамтои тоҷикам (яъне Муродалӣ Алимардон) дар ин бора ба санади якҷоя имзо гузоштем. Яъне аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки М.Алимардонро чӣ парво аз ғами мардуми 250 ҳазор нафараи марзи Исфара, ки аз ҳамсоядории худсаронаи ҳамсоякишвар солҳо инҷониб азоб мекашанду барои сарзамини бобоӣ талош меварзанд? Асрори соли 2006 Ҳанӯз соли 2006 ҷониби Қирғизистон, барои сохтмони роҳи Бодкон-Оқсой-Тамдиқ тариқи зер карда гузаштани марзи Тоҷикистон лоиҳаи худро ба яке аз ташкилотҳои байналхалқӣ пешниҳод карда буд. Ташкилоти байналхалқӣ баъди омӯзиши лоиҳаи мазкур ба Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар ин зимн розигии ҷониби Тоҷикистон бояд ҷой дошта бошад. Ба шоҳмотбозии дипломатҳои қирғиз назар кунед, ки баъди гирифтани чунин хулоса, онҳо на ба таври расмӣ ба Тоҷикистон муроҷиат карданд, балки бо ҳилае дар сарҳади Хоҷаи Аъло, болокӯҳи Чоркӯҳ ва мавзеи Бедаки Ворух низоро барафрохтанд ва монеи кишти мазраи деҳқонони тоҷик шуданд. Дар натиҷа муноқишаи намояндагони ду миллат ба миён омад ва бо дахолати нерӯҳои ҳарбии қирғизу ҳукумати маҳаллии тоҷикон гӯё ин нофаҳмӣ роҳи ҳалли худро ёфт. Дарҳол дар гармии кор, ҷониби Қирғизистон лоиҳаро ба дипломатҳои тоҷик пешниҳод карданд ва талаби имзо намуданд. Тибқи шунидаҳо аз сокинони маҳалли низои тоҷикон, гӯё раиси вақти Исфара Муҳиба Ёқубова, раиси собиқи вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, собиқ котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, собиқ сарвазир Оқил Оқилов ва вазири мелиоратсия Ёқубзода дар лоиҳаи мазкур имзои худро гузоштаанд. Ба суоли ин ки оё сокинони маҳал ва ҳукумати маҳаллӣ ба ин амалкарди дипломатҳои тоҷик монеъ шуданд ё не, яке аз кормандони ҳукумати шаҳри Исфара, ки аз гуфтани номаш худдорӣ варзид, мегӯяд: -Мо иҷрокунанда ҳастем ва ҳар чӣ дар сатҳи болои ҳукумати Тоҷикистон тасмим мегиранд, мо ризо нашуда наметавонем. Дар натиҷа, баъди ба анҷом расидани сохтмони лоиҳаи мазкур, ки дар арафаи анҷомёбист, ҷониби Исфара чандин ҳазор гектари дигари замин ва истифодаи қисмати зиёди оби дарёи Исфараро аз даст медиҳад. Раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ Неъматбой Олимов мегӯяд: -Дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи мазкур агар қирғизҳо роҳро созанд, ҳатман қисмати болооби дарёи Исфара аз самти Оқсойи Қирғизистон ба истифода ва итоати қирғизҳо мегузарад ва бовар дорам, ки онҳо дар саргаҳи он обтақсимкунаки худро месозанд ва ҳар вақте, ки хоҳанд, ба мо об медиҳанд, ҳар вақте нахоҳанд, не. Ҳиллаи қирғизона Агар ба таърих назар кунем, қирғизҳо қабл аз инқилоби Октября ягон-ягон ба сифати чӯпони муздур ба тоҷикон хизмат мекардаанд. Аз меҳрубонии бобоҳои мо қирғизҳо оҳиста-оҳиста оилаву хешовандони худро ба ин макон овардан мегиранд. Дар натиҷа, бахше аз заминҳои корами васеъ ва кӯҳҳоро собиқ қормандони ҳукумати маҳаллӣ дар ивази қолину гӯсфанд ба қирғизҳои муздури чӯпон мебахшанд. Натиҷаи чунин ҳадяву бахшишҳо буд, ки Бодкон, Самарқандак, Лолак ва садҳо ҳазор гектар замин ба ҷониби қирғизҳо ба таври бебозгашт гузашт. - То ба ҳол Қирғизистон даъвои аз они худ кардани деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло, Сурх ва Найманро доранд, ки хеле дар муносибати ҳамсоядорӣ бефарҳангона ва ноҷавонмардона баррасӣ мешавад, - мегӯяд сокини фаъоли деҳа ва бригадири хоҷагидори мавзеи Лангари Моҳиёни деҳаи Чоркӯҳ Шавкат Қаюмов. Метавон хулоса кард, ки дар шоҳмотбозӣ ҳамеша ҷониби Қирғизистон ҳиллаҳои нав ба нав пеш меовараду соддагии тоҷиконаи мо ба фоидаи онҳо ҳал мешавад. Ва… боз…11 январ – зимистони гарми сарҳад Дар натиҷаи музокироти моҳи январи соли ҷорӣ, ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди аҷибе намуд. Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, барои раҳоӣ бахшидани Ворух аз анклав роҳи кӯҳнаро мавриди истифода қарор диҳад ва дар ин зимн дар рафти музокирот аз тарафи Тоҷкистон ба Қирғизистон пешниҳоди расмӣ низ шудааст. Тавре коршиноси маҳаллӣ, журналист Муталлиби Шарифзод мегӯяд, дар муноқиша ва музокироти ахир, ҷониби Тоҷикистон иҷозаи истифодаи роҳи пешинаи Ворух-Хоҷаи Аълоро дар ивази иҷозаи сохтмони роҳи Бодкон-Оқсой-Тамдиқ дархост намуд. - Аслан роҳе, ки мо талаб дорем, аз они худи Тоҷикистон аст ва бо худсарии Қирғизистон он ба мувозинати онҳо гузаштааст. Дар сурати розӣ шудани ин пешниҳоди мо, сурати кор ба он анҷом меёбад, ки гӯё аз кисаи куртаамон пулро гирифта, ба кисаи шимамон халонда бошем. Яъне аҷибии кор дар ин, ки роҳ-роҳи мост ва мо иҷозаи истифодаи онро аз қирғизҳо мепурсем, - мегӯяд М.Шарифзод. Аз ин бармеояд, ки мо барои гаштан дар роҳи худамон аз қирғизҳо иҷоза мегирем ва боз иҷозат медиҳем, ки Қирғизистон сохтмони роҳашро тариқи марзи Тоҷикистон идома бидиҳад. Тавре иттилоъ дорем, дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ, Қирғизистон деҳаи Ворухро борҳо ба муҳосира гирифта буд. Дар низои тобистони соли 2013, ҳатто собиқ раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амировро дар мавзеъи Хоҷаи Аъло, қирғизҳо мавриди сангборон қарор доданд, ки шоҳидони зиёде инро диданд. Баръакси ин, боре нашудааст, ки ягон соҳибмақоми қирғизро тоҷикон сангборон карда бошанд. МН – хомӯштарин парлумон ва бемасъулияттарин вакилон Агар рафту касе пурсид, ки хомӯштарин порлумон дар ҷаҳон кадом асту дар куҷост, бе истиҳола метавонед ба парлумони Тоҷикистон ва вакилонаш ишора кунед. Агар сайре ба сайтҳои хабарии парлумони Қирғизистон ва дигар сомонаҳояш кунед, баъди ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи 11 январ, мебинед, ки ҳар рӯз дар парлумони Қирғизистон як санад ва ё як масъала дар робита ба қазияи Ворух, Чоркӯҳ-Бодкон баррасӣ мешавад. Аксарияти вакилони қирғиз дар ин масъала хунсардона баромадҳо ва гузоришҳои худро ба парлумонашон ироа мекунанд. Ҳатто вакили парлумони Қирғизистон Ирина Карамушкина баъди бастани сарҳадҳо ба парлумони ҶҚ пешниҳод намуд, ки бояд ҳатто ҳарими роҳи ҳавоӣ низ ба Тоҷикистон баста шавад. Ин пешниҳоди ӯ аз чандин телевизионҳои маҳаллии Қирғизистон низ ба намоиш гузошта шуд. Раиси тозатаъини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар нишасти хабариаш таъкид кард, Тоҷикистон тарафдори бад шудани муносибат бо Қирғизистон нест ва ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал шудани он аст: - Сарҳадро мо набастаем ва умедворем ба зудӣ ин баҳс ба таври мусбат ҳал мешавад. Ин вазъ ба назари ман, дер давом нахоҳад кард ва муносибатҳои ҳамсоягӣ ба маҷрои пештараи худ хоҳад баргашт. Чунки халқҳои ҳамсоя мехоҳанд, ки байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамсоягӣ ва муносибатҳои дӯстона бошад ва низоъ умуман даркор нест, - гуфта буд Қодирӣ. Аммо бархилофи гуфтаҳои раиси вилояти Суғд аз замони устондори собиқи вилояти Бодкон Т.Айбалаев то ба ҳанӯз, ҳама дастандаркорони қирғиз бо лаҳни шадид ва бефарҳангона мехоҳанд, ки ба фоидаи худ масъаларо ҳал кунанд. Дар қиболи ин, тавре сокинони Исфарамарз мегӯянд, ягон нафар вакил аз парлумони Тоҷикистон дар рӯзҳои шадидтарини вазъ ба аёдаташон наёмад. Аёдат он сӯ истад, ба гумон аст, ки бобати ҳодисаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба хусус баъди 11 январи соли равон ягон қарор ва ё санад ба тасвиб расонида бошанд. Агар расонида бошанд, намедонам чаро тариқи ВАО ба мардум пешкаш намешавад? Ба додан одат кардаем? Шояд имрӯз ин лаҳн хеле шадид тобад ва таҳаммули қабул кардани он аз ҷониби ҳукуматдорони мо андак мушкил бошад. Зеро солҳост, ки мо худсарии ҳамсоякишварро қабул ва тамоми нози эшонро бароварда мегардонем ва ваҷаб ба ваҷаб заминҳои муқаддаси Тоҷикистонро ба онҳо мебахшем. Мо ғасбкунии заминҳои дигарон он сӯ истад, ҳатто қудрат надорем, ки имрӯз даъвои бозпас гирифтани марзҳои аз даст додаи худро кунем. Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми 22 соли ахир аз 976 километр марзи муштарак ҳамагӣ 504 километрро аломатгузорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон бар харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунад. Мақомоти тоҷик ба фарқ аз ҳамтоёни қирғизи худ дар бораи моҳияти ин баҳсҳо кам сӯҳбат мекунанд. Ҳанӯз 21.09.2000 комисияи байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Қирғизистон таъсис ёфт, вале мушкили ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, Қирғизистон қарори он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда, тасмими комисияи муштараки солҳои 1957-1959-ро, ки масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати ҷониби қирғиз аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар он обтақсимкунанда ҷойгир аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-1959 такя намуда, иддао мекунад, ки ноҳияи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад. Асноди ёфтшуда аз бойгониҳои Русия нишон додааст, ки ҳудуди деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон анклав - дар бумбаст набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст шуда буд. Дар охири солҳои 80-ум дар даврони ҳукмронии Қаҳҳор Маҳкамов, дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух 350 га замин ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ дода шуда буд. Ин заминҳо низ то ҳол бозгардонида нашудаанд. Набиюллоҳ Суннатӣ, Хуҷанд-Исфара-Хуҷанд, махсус барои Фараж

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312497