Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Общество

23.08.201410:58

Теъдоди толибилмони Душанбе афзудааст

Душанбе, 23.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар соли нави таҳсили 2014-2015 беш аз 17 000 нафар кӯдак бори нахуст ба остонаи дабистонҳои пойтахт қадам ниҳода, дар курсиҳои мактабӣ нишаста, ба унвони толибилм сазовор мегардад.
Ҳамидуллохон Фақиров- сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар соли нави хониши 2014-2015 беш аз 175 ҳазор хонанда ба мактабҳои пойтахт ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ки ин омор дар қиёс нисбат ба соли 2013 зиёд аст. Дар соли хониши 2013-2014 теъдоди хонандагони мактабҳои пойтахт 172 ҳазор нафарро ташкил медод. Алҳол дар пойтахт 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 119 кӯдакистон фаъолият намуда, шумораи мактабҳои хусусӣ 27 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамидуллохон Фақиров таъкид кард, ки таҳсил дар мактабҳои пойтахт дар ду баст ҷараён гирифта, дар басти аввал беш аз 113 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил ва машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта мешавад. Таҳсил дар қисмати бештари мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба забони давлатӣ-забони тоҷикӣ сурат мегирад. Мактаби №21 ягона мактаби русӣ дар Душанбе буда, инчунин дар мактабҳои дигари пойтахт, назири мактабҳои рақамҳои 1,16, 24, 42, 54, 92 гурӯҳҳои русӣ ба роҳ монда шудаанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу
09.1208:50ТЭЦ «Душанбе-2» может увеличить суточное энергоснабжение на 16%
09.1207:22Госдеп увеличивает объем финансовой помощи Таджикистану
08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00