Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Общество

15.09.201413:55

Ректори ДДОБ- Доктори фахрии ДДОТ

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло, профессор Раил Асадуллин бо унвони олии Доктори фахрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сарфароз гардид. 

Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар оғози ҷаласа ректор Абдуҷаббор Раҳмонов перомуни тақвияти ҳамкориҳо ва тасвиби созишномаҳо изҳори андеша намуда, дар ин ҷода саҳми Р.Асадуллинро ниҳоят назаррас арзёбӣ кард. Дар такя бар гуфтаи ӯ, маҳз дар заминаи равобити ҳасанаи дуҷониба имкон фароҳам омада, ки донишҷӯёни мо дар Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура идома таҳсил намоянд.

Дар идомаи ҷаласа Р.Асадуллин оид ба самтҳои фаъолият ва факултаю ихтисосҳои донишгоҳашон маърӯзаи пурмуҳтаво қироат намуд. Ӯ, ҳамзамон, дар хусуси истифодаи самараноки технологияҳои коммуникатсионӣ дар раванди таълим маълумоти судманд баён дошт.

Дар ҷамъомад А.Раҳмонов ба Р.Асадуллин унвони Доктори фахриро, ки аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон бо якдилӣ тасдиқ гардид, тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори бевоситаи сарвари таълимгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов соли 2013 Низомномаи Доктори фахрии Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон тасдиқ шуд. 27-уми ноябри ҳамон сол директори Маркази хайриявии «Умед» А.А.Когай, ки шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад, ба гирифтани ин унвон мушарраф гардид. Р.Асадуллин дувумин нафарест, ки ин унвони олиро соҳиб мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0518:18Шамсия Асаналишоева: «В Саудовской Аравии я прошла через все круги ада» ВИДЕО(1)
29.0518:14Как выросли цены за последние три дня?
29.0515:42Власти Таджикистана просят граждан воздержаться от поездки в города России
29.0515:00Даешь таджикское гражданство?! Нет, не даешь…
29.0514:44В Таджикистане все еще кто-то верит банкам


Самое обсуждаемое

27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(4)
27.0513:29Путин обсудил Сирию и экономическое сотрудничество с президентом Ирана(3)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(2)
29.0509:56Национальная стратегия развития РТ до 2030 года состыкуется с китайской инициативой «Один пояс, один путь»(1)
29.0518:18Шамсия Асаналишоева: «В Саудовской Аравии я прошла через все круги ада» ВИДЕО(1)
27.0509:29Саудовская Аравия предоставила Таджикистану 50 тонн хурмы(1)
29.0507:18Комроншох Устопириён – двукратный чемпион Азии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525