Душанбе, 11 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). - Саршумори чорво дар ноҳияи Нуробод рӯ ба афзоиш аст. Тибқи маълумоти шӯъбаи чорводорӣ ва зотпарварии Вазорати кишоварзӣ то 1 июн дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 18 ҳазору 43 сар чорвои калон ва 51 ҳазору 98 сар чорвои майда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1327 сар чорвои калон ва 2093 сар чорвои майда зиёд аст. Вале бо афзоиш ёфтани саршумори чорво маҳсулоти он зиёд нагардид. Аз ин рӯ нисбати афзоиши беманфиати чорво мутахассисонро андеша мебояд.