Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). - Ноҳияи Бохтар яке аз ноҳияҳои серсоҳаи вилояти Хатлон маҳсуб мешавад. Бо дастгирии раиси ноҳия Абдулмӯъмин Улфатов барои таъмири бинои шӯъбаи бемориҳои сироятии маркази саломатӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки он мақсаднок истифода гардад. Дар ин ноҳия деҳаҳо ба таври замонавӣ сохтаву обод карда мешаванд. Деҳаи Комсомол яке аз деҳаҳои ин ноҳия аст, ки дар он баробари сохтмони иншооти фарҳангӣ - фароғатӣ маркази саломатӣ низ бунёд гардид.