Душанбе, 29 апрел. ( АМИТ «Ховар» , Сайидо Назаров).- Баъди гузаштани нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» маълум гардид, ки роҳбарияти ширкат баҲукумати ҷумҳурӣ дар бораиду баробарбаланд бардоштани нархиқувваи барқ пешниҳод ба миён гузоштааст. Аҳолии мамлакат ҳоло барои истифодаи як киловат – соат қувваи барқ 3,2 дирам мепардозад. Тибқи пешниҳодиШиркати саҳомии «Барқи тоҷик» нархи як киловат - соат қувваи барқ 6,4 дирам муқаррар карда хоҳад шуд.
Ба ақидаи мутахассисони ширкат, нархи ҳозираи қувваи барқ барои сармоягузорон қобили қабул нест. Илова бар ин,боло бурдани нархи қувваи барқ ба зарурати баргардонидани қарзҳое вобаста мебошад, ки барои сохтмон ватармими иншоотҳои энергетикӣ гирифта шудаанд.
Созмонҳоимолиявиибайналхалқӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ваХазинаи байналхалқии асъор бо ҳамин сабаб ба Тоҷикистонтавсия додаанд, кинархиқувваи барқрото соли 2010 тадриҷанбарои як киловат- соат то 2,5сент боло бардорад.
Тавре хабар дода шуда буд, соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои сохтмонинерӯгоҳҳои барқӣ бештар аз 850 миллион сомонӣсарф карда мешавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 95 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шудааст. Инчунин сохтмони 21 нерӯгоҳи хурди барқӣ давом дорад. Дар давомисол боз 20 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода мешавад. Ғайр аз инсе агрегати боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» ба кор дароварда, суръати сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2 » тезонида хоҳад шуд.
Умуман дар давоми се соли оянда дар доираибарномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва аз ҳисоби маблағҳои мустақим барои сохтмонинерӯгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои баландшиддати барқӣ зиёда аз 4,5 миллиард сомонӣ (1,31 миллиард доллари ИМА) маблағ ҷудо карда мешавад.
Тарҷумон – А. Қудратов.