Душанбе, 23 мая. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар маркази тиҷорати Туркия ва Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбемовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ашӯр бо намояндагони Маҷлиси олии Туркия Махмед Муазин Огли ва Туран Киратли вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣҷонибҳо иброз доштанд, ки робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия тайи солҳои охир густариш ёфтаанд. Аз соли 2000 ин ҷониб муомилаи коло байни ду кишвар 9 маротиба зиёд шуда 550 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Дар чор моҳи соли равон бошад, ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар ба 208,5 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Дар назар аст, ки ин нишондиҳанда сол аз сол зиёд мешавад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 корхонаи муштарак бо сармояи пурраи Туркия фаъолият дорад.
Дар мулоқот ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони тоҷикиву туркӣ иштирок намуда, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ояндаашон табодули назар намуданд.