Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда давлатзода).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони сайрхати самти Хуҷанд - Новосибирск шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Самадови 28-соларо, ки истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд мебошад, дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, боздошт намуданд.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо кӯмаки табибони беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз меъда ва рӯдаи номбурда ба миқдори 98 адад бастачаҳои селофании махсуси бо маводи сахттаъсири героин пуркардашуда, ки вазни умумии онҳо 442,2 граммро ташкил медод, гирифта шуд.
Нашъаҷаллоб мехост ин миқдор маводи нашъаоварро ба таври пинҳонӣ аз кормандони гумрук ба Федератсияи Русия интиқол диҳад.
Бо назардошти далелҳои дар боло зикргардида ва моддаҳои 200 қисми 2, 32, қисми 3, 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Рустам Самадов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд фиристода шудааст.