Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Шаҳрванди Душанбе Артур Курапятники 25-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Барбад, наворбардори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ариза дода, шикоят кард, ки шахсони номаълум шабона мошини ӯро ғорат карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» барои ба даст овардани маълумоти бештар дар ин хусус ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард.
Дар ин ҷо ба ӯ хабар доданд, ки шахсони номаълум шаби 22 июл аз дохили мошини тамғаи «NEXIA», ки дар назди ҳавли беназорат меистод, як аккумулятор, як магнитофон ва як магнитафони мошинии тамғаи «SONY»-ро ки маблағи умумии онҳо 1700 сомониро ташкил медод, ба ғорат бурданд.
Оди ин ҳодиса аз тарафи шӯъбаи корҳои кохилии ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ғаратгарон ҷустуҷӯ кара мешаванд.