Бо мақсади ба танзимдаровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015»-ро аз 4 октябри соли 2011, №460 тасдиқ намуд. Бояд қайд кард, ки дар ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умуми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва кўмакимолиявии ташкилоти номбурда, «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» дар шакли китобча (брошюра) бо шумораи 360 адад аз чоп баромада, ба тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои назорат ва иҷрои бечунучаро ирсол гардид. Дар Стратегияи мазкур вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷроиши бандҳои он муваззаф гардонида шудаанд ва оид ба тадбиқи Стратегияи болозикр ҳар нимсола бояд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод карда шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(C) 2001-2023 TopTJ.com