ҶСК «Тоҷик Эйр» интиқоли зоиринро оғоз мекунад
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). - Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» 21-уми сентябр интиқоли зоиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шуруъ менамояд. Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гуруҳи зоирин иборат аз 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина интиқол дода мешаванд.

Соли ҷорӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбря то 1-уми октябр бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни Тоҷикистонро ба ватан бармегардонад. Дар маҷмуъ ҶСК «Тоҷик Эйр» 2730 нафарро барои иҷрои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистонӣ Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмўи умумии зоирини Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд.
Читайте также
- В Москве прошла встреча секретарей советов безопасности стран СНГ
- Таджикский театр на московской сцене: тёплый приём публики и артистов
- МИД Ирана: двухдневный план — самый разумный путь к восстановлению безопасности Ормузского пролива
- За девять месяцев 2026 года Таджикистан посетили более 1,5 млн туристов
- Сборная Таджикистана завоевала шесть медалей на ЧМ-2026 по курашу и заняла третье место
- Йеменский чиновник предупреждает о «разрушительной мести» Саудовской Аравии за удары по гражданским объектам