Дидори дастаи миллии кишвар бо тими Беларус
Душанбе, 4.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Имрӯз тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Душанбе, 4.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Имрӯз тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шоми имрӯз дар меҳмонӣ бо дастаи миллии Беларус бозии дӯстона мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Борисов-Арена”-и шаҳри Борисов доир мегардад.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои иштирок дар ин бозии дӯстона ба ҳайати даста 22 футболбоз - 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст. 13 нафари онҳо аз дастаи "Истиқлол”-и Душанбе, 3 нафарашон аз "Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз тимҳои "Вахш”-и Қӯрғонтеппа, "Хайр”-и Ваҳдат, ССКА "Помир”-и Душанбе, "Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик»-и Душанбе мебошанд. Танҳо як легионер - ҳимоятгар Давронҷон Эргашев аз «Жетису»-и Қазоқистон - даъват шудааст.
Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.
Читайте также
- МИД Таджикистана: Евразии необходим равноправный диалог по вопросам безопасности
- Таджикистану нужно до $22,5 млрд для выполнения климатических планов
- Тренерский совет Федерации футбола Таджикистана обсудил итоги сборных и планы на 2027 год
- В Таджикистане обсуждают создание совместных с Китаем фармацевтических предприятий
- Таджикистан намерен сократить выбросы парниковых газов на 40% к 2035 году
- В Таджикистане обсудили реализацию инвестпроектов при поддержке АБР