Кумак ба ашхоси ниёзманд
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд, кумак расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ корҳои назаррас анҷом ёфта истодааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз аз ҷониби Гуландом Бобоева, яке аз ғолибони даври вилоятии озмуни “Иди атлас ва адраси Хуҷанд-2014” ба мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Чкалов 1 адад мошинаи ҷомашӯӣ тақдим шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз ба мактаб-интернат маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, макарон ва дигар маҳсулоти озуқа дастрас гардид.
Ёдрас мешвем, ки дар мактаб-парваришгоҳ феълан беш аз 100 нафар аз шаҳру навоҳии вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Читайте также
- На Российско-таджикском медиафоруме в Душанбе обсудили влияние ИИ на профессию журналиста
- Семья погибшего офицера Бегматова получила новый дом
- В Гиссаре подростки получили новое здание музыкальной школы
- В посольстве Азербайджана в Таджикистане отметили День Победы
- Рахмон пригласил короля Иордании в Таджикистан
- В Актюбинской области спасатели эвакуировали 15 пассажиров сломавшегося автобуса