Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор гардид,
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин комиссия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 таъсис дода шудааст.
Дар корӣ ҷаласа доир ба Низомнома, ҳадаф, вазифа, ваколат, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тартиби кор ва ҳайат, лоиҳаи пешакии харитаи роҳи Комиссия барои соли 2026, давраи минбаъда ва тартиби такмили минбаъдаи он маълумот дода шуд.
Дар фарҷом ба масъулин барои дар муҳлати муайянгашта пешниҳод намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Комиссия дастур дода шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Упомянуты
Читайте также
- В Дангаре прошла конференция о вкладе Абуали ибн Сино в науку
- Очередной исторический шаг Лидера нации, миротворца
- Обучение по администрированию на тему «Порядок реализации специального регулирующего режима в отношении учебного проекта в сфере налогообложения индивидуальных предпринимателей»
- Торговля людьми – тяжкое преступление и угроза обществу
- Эмомали Рахмон простился с Али Хаменеи в Тегеране
- Таджикистан поддержал инициативу ВОЗ по проведению Летней школы по безопасности пациентов