Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди маориф дар кишварҳои иттиҳод» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди маориф дар кишварҳои иттиҳод» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конфронс бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида, дар кори он намояндагони муассисаҳои таълимӣ, олимон, коршиносон, роҳбарони сохторҳои маориф ва мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбӣ аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, аз ҷумла рақамикунонии низоми таълим, истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди омӯзиш, тайёр намудани кадрҳои рақобатпазир, таҳкими робитаи таҳсилот бо истеҳсолот, таъмини сифати таҳсилот, рушди таҳсилоти муттасил, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ифтитоҳи конфронс Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки имрӯз низоми маориф дар саросари ҷаҳон марҳилаи нави рушдро аз сар мегузаронад. Пешрафти босуръати технологияҳо, рақамикунонии иқтисодиёт, рушди зеҳни сунъӣ, тағйирёбии бозори меҳнат ва афзоиши рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аз давлатҳо тақозо менамояд, ки ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил солҳои охир таҷрибаи арзишмандро дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, навсозии муҳтавои таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани низоми тайёр кардани кадрҳо ба талаботи бозори меҳнат ба даст овардаанд. Имрӯз яке аз тамоюлҳои муҳимтарини рушди маориф дар давлатҳои иттиҳод тақвияти таҳсилоти касбӣ ҳамчун омили таъминкунандаи рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.
«Дар шароити муосир таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба яке аз бахшҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Маҳз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соҳаҳои саноат, энергетика, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт кадрҳои коргарии амалиро омода менамоянд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Намояндаи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Камол Раҳимов иброз дошт, ки имрӯз дар бисёр давлатҳо таваҷҷуҳ ба таҳсилоти касбӣ назар ба солҳои гузашта чандин маротиба афзоиш ёфтааст. Дар Тоҷикистон низ солҳои охир дар самти рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ҳамасола ихтисосҳои нав мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таъсис дода мешаванд. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият ёфта, унсурҳои таҳсилоти дуалӣ тадриҷан ҷорӣ мегарданд.
Дар доираи конфронс масъалаҳои рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба байни муассисаҳои таълимии кишварҳои иттиҳод ва ҷалби технологияҳои муосири таълимӣ низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Конфронс то 20 июн идома меёбад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон