Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён сурат гирифт. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми Эрон
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён сурат гирифт.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми Эрон ва роҳбарияти он ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоти самимӣ изҳор намуданд.
Таъкид гардид, ки санади сарнавиштсози дар ин замина аз ҷониби сарони ду давлат баимзорасида барои таъмини сулҳи пойдор дар Ховари Миёна ва берун аз он, таҳкими суботи байналмилалӣ ва рушди устувор аҳаммияти калидӣ дорад.
Пешвои миллат ба мардуми Эрон таманниёти сулҳу субот ва амнияти пойдорро иброз доштанд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, ҳавасмандии доимии тарафҳо ба рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва омодагӣ барои татбиқи иқдомҳои амалии муштарак ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои нави судманд таъкид гардид.
Упомянуты
Читайте также
- Заместитель главы МИД Ирана: безопасность Персидского залива должна обеспечиваться изнутри региона
- Шахритус удивил: в этом районе не зафиксировано ни одного случая хищения электроэнергии
- "Сомон Эйр" открывает новый рейс в Минск
- Сулаймон Зиёзода в Спитаменском районе оценил состояние хлопководства, садоводства и виноградарства
- Встреча посла с заместителем министра иностранных дел Султаната Оман
- Таджикистан представил SpaceX/Starlink проект Дорожной карты сотрудничества