Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» баргузор гардид. Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» баргузор гардид. Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои расмӣ аз Русия, Беларус, Чин, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноат, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории байналмилалӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ густариш ёфта, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ сол ба сол афзоиш меёбад.
Ба иштирокдорони намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори соҳаҳои саноат ва кишоварзии вилояти Суғд муаррифӣ гардиданд. Меҳмонон бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои вилоят шинос шуда, ба сифат ва гуногунрангии онҳо баҳои баланд доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Упомянуты
Читайте также
- В Файзабаде мужчину задержали по подозрению в убийстве жены
- В Истаравшане снизилось число браков, рождений и смертей
- Интернет-магистраль Душанбе — Хорог — Кульма будет запущена до конца сентября 2026 года
- Более 6 тысяч водителей общественного транспорта наказаны в Согде
- Вдали от «большой» земли. Путешествие в незабываемый Сари Хосор
- Шесть районов Таджикистана получили новые машины скорой помощи