Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раёсати амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо/Швейтсария оид ба пешбурди муколама ва
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раёсати амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо/Швейтсария оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод Серж Румин мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ табодули назар намуданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои амнияти сарҳадӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обӣ ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими субот ва рушди устувори минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории амалӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Упомянуты
Читайте также
- «Эсхата Банк» удостоен премии «TOP-35 Шарики боэътимоди сол»
- В Муминабадском районе проведут повторный сев
- COP17 в Монголии: шанс Таджикистана привлечь деньги на восстановление земель
- 10 семей из села Баррушон получат новые дома после стихийного бедствия
- Путин поздравил с юбилеем таджикского поэта Тимура Зульфикарова
- Встреча заместителя министра иностранных дел с послом Государства Кувейт