Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд.
Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд.
Дар ин мавзеъи хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг, ки иқлимаш барои дарахтони мевадиҳанда мусоид мебошад, ҳамчунин, дарахтони хуч, олуча, гелос ва ғайра парвариш меёбад.
Зимни суҳбат бо коргарон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон дар бораи риояи қоидаҳои агротехнпкӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири боғпарварӣ дастур тавсияҳо доданд.
Упомянуты
Читайте также
- Сана предупреждает Эр-Рияд: ответ будет «столица за столицу»
- ОАЭ освободили нескольких иранских заключенных после дипломатических усилий Тегерана
- Прокуратура Португалии проверяет использование США базы Лажеш в войне против Ирана
- Израильские силы задержали двух палестинских журналистов на Западном берегу
- Глава МИД Ирана назвал заявления США о «выдворении» иранских дипломатов признаком отчаяния
- Британский профсоюз медсестёр разорвал связи с израильской фармкомпанией из-за военных связей